Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи марги афсари милиса дар Панҷ ба додгоҳ супурда шуд


Меҳроншоҳ рӯзи 7-уми феврал бар асари зарби тир ҷон бохт.
Меҳроншоҳ рӯзи 7-уми феврал бар асари зарби тир ҷон бохт.

Додситонӣ парвандаи марги Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷро, барои баррасӣ ба додгоҳ супурдааст.

Меҳроншоҳи 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ бар асари зарби тир ҷон бохт.

Додситонӣ дар марги ӯ Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро барои “куштор аз беэҳтиётӣ” айбдор кардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Насим Амирзода бо моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ) гумонбар дониста мешавад ва парванда барои баррасӣ дар додгоҳ қабул шудааст.

Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.

Меҳроншоҳ Ҷумъаев ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва 7- уми феврали соли равон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар бинои ШВКД ҳангоми қабули силоҳ аз тири "Калашников", ки аз сӯи ҳамкораш парронда шудааст, ҳалок шуд. Мақомот гуфтанд, тир аз беэҳтиётӣ парронда шудааст.

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба одилона сурат гирифтани мурофиа умедвор ҳастанд.

Ӯ гуфт: "Аз автомат ду тир парронида шудааст. Қаблан ҳодисаи як тир аз беэҳтиётӣ паронидан ба қайд гирифта шуда буд, вале ин нахустин ҳолатест, ки аз автомат ду тир паронида шуда, тасодуф эътироф мешавад."

Пайвандони афсар мегӯянд, “дар рафти тафтиш адвокат надоштанд ва мақомот низ барояшон адвокат ҷудо накард".

"Агарчӣ Меҳроншоҳ Ҷумъаев корманди ШВКД-и ноҳияи Панҷ буд, сардори он Маҳмудзода Шамсулло моро ягон маротиба қабул накард ва бо падари ҷабрдида суҳбат накарду аз ӯ узр напурсид. Ду маротиба кушиши ба қабули Маҳмудзода роҳ ёфтан кардем, вале муваффақ нашудем”,--гуфт Холиқназар Ҷумъаев.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин хотир онҳо ба президенти кишвар, Додситонии кулл ва додситонии вилояти Хатлон шикоят бурданд.

Холиқназар Ҷумъаев мегӯяд, пайвандони корманди милисае, ки "аз беэҳтиётӣ" бародарзодаи ӯро парондааст, аз онҳо узр пурсиданд, то аз гуноҳи фарзандашон гузаранд. Хонаводаи Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтаанд, ҳодиса мувофиқи қонун баррасӣ карда шавад.

Меҳроншо Ҷумъаев 7-моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.

Се сол пеш Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG