Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кулангро кӣ зер кард? Таркиш дар Бохтар "хунукназарӣ" эълон шуд


Муҳиддин Зоҳидзода
Муҳиддин Зоҳидзода

Додситонии вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки нориҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба хунукназарӣ айбдор кард. Қаблан Додситонии шаҳри Бохтар дар пайи як санҷиш гуфта буд, муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода аз беэҳтиётӣ ҳангоми санҷиши гулӯландози "Муха" ба ҳалокат расидааст.

Фарзандони писарам калон мешаванд ва бояд донанд, ки падарашон худкушӣ накардааст. Балки каси дигар боис ба маргаш гаштааст

"Кӣ кулангро пахш кард?​"

Ҷалол Зоҳидов, падари Муҳиддин Зоҳидзода, рӯзи 28-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Додситонии вилояти Хатлон ҳангоми тафтиши дубораи ин қазия нисбат ба капитан Алишер Давлатов бо моддаи 322, қисми 2 (хунукназарӣ) айб эълон кардааст. Аммо Зоҳидов мегӯяд, ӯ бо ин хулосаи тафтишот розӣ нест, чун ташхиси дубораи ҳодиса нишон дод, ки нориҷакандози РПГ-26 бидуни пахши куланг оташ намекушояд ва мунфаҷир шуданаш ғайриимкон аст.

Ӯ гуфт, "эспертизаи дубора инро собит кард. Бо вуҷуди ин, тафтишот нисбат ба як нафар бо моддаи хунукназарӣ айб эълон кард. Талаби мо аз тафтишот ин буд, шахсе, ки кулангро зер кардааст, пайдо ва муҷозот шавад."

"Писарам худкушӣ накардааст, балки..."

Зоҳидов гуфт, пойфишории ӯ бар сари дуруст ва одилона санҷидани ҳодисаи фавти писараш аз он аст, ки ҳақиқат барои ҷомеа ва наберагонаш ошкор шавад.

"Писарам дигар зинда намешавад. Аммо вақте Додситонии шаҳр сабаби марги ӯро беэҳтиётӣ гуфт, ин ба мо сахт расид. Фарзандони писарам пагоҳ калон мешаванд ва бояд донанд, ки падарашон худкушӣ накардааст. Балки каси дигар боис ба маргаш гаштааст", - афзуд ӯ.

Муҳиддин Зоҳидзода, муфаттиши идораи умури дохилии шаҳри Бохтар, шоми 1-уми декабри соли 2017 бар асари таркиш дар ҷойи кораш ба ҳалокат расид. Баъдан мақомот гуфтанд, ки гӯё Зоҳидзода ҳангоми "санҷиши норинҷакандози РПГ-26 аз беэҳтиётӣ ҷон бохт."

РПГ-26 дар оромгоҳи насрониҳо

Аммо раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии вилояти Хатлон пас аз санҷиши дубора Алишер Давлатов нозири минтақавии шаҳри Бохтарро ба хунукназарӣ айбдор кард. Дар фикри абйдорӣ нисбат ба Давлатов гуфта мешавад, ӯ аз наздикии гӯристони насрониҳои шаҳр нориҷакандози “РПГ-26”-ро пайдо карда, аммо бар хилофи дастурамал “бепарвоёна муносибат кардаву яроқи зикршударо ба утоқи кории сардори худ бурдааст”.

Тибқи банди 2, моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ ба капитан Алишер Давлатов аз 12 500 то 45 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар пайи инфиҷори силоҳ дар дохили бинои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Бохтар як нафари дигар низ маҷрӯҳ шуд. ​

Соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа панҷ таркиш сабт шудааст, ки яке аз он ҳодисаи террористӣ номида шуд. Моҳи апрели соли гузашта Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини Қӯрғонтеппаи собиқ дар пайи инфиҷоре дар маркази шаҳр ҷон бохт. Мақомот ин таркишро кори дасти узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” номиданд.

XS
SM
MD
LG