Даҳҳо сокини Кӯлоб аз кори як гуруҳи тақрибан 15 нафарии ҷавонон шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо як бозие бо номи “Шукрона” онҳоро фиреб дода, пулашонро мегиранд.
Ин гуруҳ дар атрофи бозори марказӣ ва дигар ҷойҳои серодами Кӯлоб бо садои баланд “Шукрона кунед, ки бурдед”, ё “Ин ҳазор сомонӣ ҳаққи ҳалоли шумо” фарёд кашида, роҳгузаронро ба самти худ мекашанд. Ҳар касе, ки наздашон омад, дар пеши ӯ вонамуд мекунанд, ки касе дар бозии онҳо пули хуб бурд.
Сайидмӯъмин, як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли гузашта фиреби ин гуруҳро хӯрдааст. Ӯ аспашро фурӯхта, барои хариди маҳсулоти рӯзгор ба Кӯлоб омада ва шоҳиди бозӣ шудааст. Аъзои ин гуруҳ, ки худро кормандони “Фирмаи Шукрона” меноманд, ӯро аввал ба доварӣ байни бозигарон даъват карданд.
Ӯ давоми ҳодисаро чунин нақл кард: “Гуфт, ака ҳамин қартаи маро боз кун, бинем, ки чӣ бурд кардаам. Варақаеро боз кардам, гуфт, дастат зӯр будааст, ман 500 сомонӣ буридам. Як қарта гӯиё харида, ба ман туҳфа дод. Қартаро боз кардам, гуфтанд, ки шумо ду нафар 250 сомонӣ буридаед, лекин шарт ин аст, ки бояд бозиро давом диҳед. Ҳар боре, ки пул медодам, мегуфтанд, ки бурдӣ, вале бояд бозӣ кунӣ. Вақте се ҳазор дар он ҷо гузоштам, як бора гӯё бой додам ва онҳо пулро гирифта гурехтанд.”
Наворро ин ҷо тамошо кунед.
Ӯ гуфт, ки пас аз ду рӯзи талош ва пушти дари милисаро кӯбидан ва бо кумаки чеҳраҳои шинохтаи Кулоб 80 дар сади пулашро баргардонданд. Дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб аризаи ӯро барои баррасӣ қабул накардаанд. Сокинони Кӯлоб, ин гуруҳро хуб мешиносанд ва ба онҳо наздик намешаванд.
Шикори "зудбоварон" ва аз ноҳияҳои дигар
Таҳқиқи думоҳаи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин гуруҳ афродеро «шикор» мекунанд, ки аз навоҳии дигар ба Кӯлоб омадаанд. Афроде, ки фиреби онҳоро хӯрдаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз 500 то 5 ҳазор сомонӣ бохтаанд, вале на дар додситонӣ ва на дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб аризаи онҳоро қабул накарданд. Таҳқиқ нишон дод, ки ҳеч ширкате бо номи “Шукрона” сабт нашудааст ва ин гуруҳ санаде дар бораи қонунӣ будани корашон нишон дода натавонистанд.
Ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзҳои гуногун барои шинос шудан бо кори гуруҳ нақши афродеро бозӣ карданд, ки гӯиё ба таблиғоти ин гуруҳ дода шуданд. Ҷавони тақрибан 30-сола, ки зоҳиран яке аз раҳбарони ин гуруҳ аст, хабарнигорро ташвиқ кард, ки бозӣ кунад ва ҳатман бурд мекунад.
Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло як нафар бурд кард, вале бозиро нотамом мондааст ва хоҳиш кард, ки бояд онро ман давом диҳам. Варақае, ки ман гирифтам, аллакай дар он “100 сомонӣ бурд” навишта шуда буд, ҳамзамон яке аз ҳамроҳони ин ҷавонон аст, низ гӯиё бурд кард ва бояд мо миёни ҳам бозиро давом диҳем.
Бар асоси қоида ба ҳар нафаре, ки варақаи холӣ меомад, мағлуб ҳисоб мешуд. Маъмулан, варақаи холиро замоне медиҳанд, ки муштарӣ охирин пули худро ба бозӣ мегузорад.
Таҳдид ба хабарнигор: "Аз вазифа мепаред"
Хабарнигор бо “100 сомонӣ бурд” хост маблағро гирад ва аз идомаи бозӣ даст кашад, вале якбора панҷ нафар, ки нақши тамошобинро бозӣ мекарданд, муқобил баромаданд. Вақте хабарнигор пойфишорӣ кард, ки дигар бозӣ намекунад, ба таҳдид гузаштанд ва гуфтанд, ки қоидаи бозӣ чунин нест.
Ин “бозӣ” аз дур ва наздик сабт мешуд. Вақте диданд, ки кори онҳо тариқи телефони мобилӣ сабт мешавад, таҳдидашон оҳанги дигар гирифт. Хабарнигор худро муаррифӣ кард, вале яке аз онҳо, ки худро Самандар (маъмулан номҳои дурӯғе мегӯянд) муаррифӣ кард, гуфт: “Ака адреси ҷойи коратонро гуед, аз вазифа мепаред. Монанди худат кори моро месанҷидагӣ зиёд буд, вале сарашонро хӯрданд.”
Хабарнигори дуюми Радиои Озодӣ моҳе баъд назди ин гуруҳ рафт, бо сабаби доштани ниқоби тиббӣ мавриди “эътимод”-и онҳо қарор нагирифт. Чун аксарият дар Кӯлоб ниқоб надоранд, доштани ниқоби тиббӣ шубҳаи онҳоро бедор кард ва нафаре аз онҳо гуфт, ки ба “шумо варақаи бозӣ намедиҳем”. Вақти хабарнигор барои бозӣ пойфишорӣ кард, онҳо гуфтанд, “ин бозӣ барои одамони даъвогар нест”.
Нафаре, ки худро Муҳаммад муаррифӣ кард, хабарнигорро ба кунҷе бурд ва гуфт, “одамҳо”-и сардори ШВКД-и Кӯлоб ҳастанд ва инчунин, ҳар моҳ ба додситонӣ низ “ҳақ” медиҳанд. Иддаое, ки мақомоти ҳарду идора қотеона рад кардаанд. Ӯ афзуд: “Мо қариб ҳар моҳ то 8 ҳазор сомонӣ медиҳем. Моро ҳама мақомот медонанд, касе кор намегирад. Даркор шавад, ба шеф занг мезанам, худаш ҳал мекунад.” Ҳарчанд хабарнигор хост, ки бо “шеф” тамос бигирад, ӯ розӣ нашуд.
Додситонӣ: "Барои мо далел биоред"
Бештар аз 10 нафар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фиреби ин гуруҳро хӯрдаанд ва ба милисаву додситонӣ шикоят карданд, онҳо чора надиданд. Дар додситонии Кӯлоб гуфтанд, агар ариза ворид шавад, ҳатман чора мебинанд.
Сайидвалӣ Раҳматов, сокини ноҳияи Фархор ва донишҷӯи Донишгоҳи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ин гуруҳ ӯро дар назди бозори «Лола» фиреб доданд ва 1250 сомониашро гирифта, гурехтанд. Пулеро, ки бародари Сайидвалӣ аз Русия барои либосхарӣ фиристодааст. Ӯ гуфт, таблиғоти ин гуруҳ ба ҳадде буд, ки нафаҳмид, чӣ тавр пулҳояшро болои мизи онҳо гузошт.
Ӯ ҳамроҳи хабарнигори Радиои Озодӣ ба додситонии Кӯлоб барои навиштани ариза рафт. Дар аввал нахостанд, аризаро қабул кунанд, вале чун диданд, ки ӯро хабарнигор ҳамроҳӣ мекунад, аризаро қабул карданд.
Дар додситонӣ гуфтанд, ки аризаро ба нозири минтақавии бозори марказии Кӯлоб барои баррасӣ доданд. Пас аз талошҳои зиёд як узви гуруҳ пули Сайидвалиро баргардонд, вале ариза дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб гум шуд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ борҳо шикояти корафтодагонро ба Файзулло Нозимзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб расондааст. Дар суҳбати рӯзи 1-уми март ваъда дод, ки ба мардумфиребии гуруҳи қиморбозон хотима хоҳад дод.
Рӯзи 5-уми март дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ Нозимзода гуфт, ки дигар ин гуруҳ дар шаҳр пайдо нахоҳад шуд. Воқеан то 10-уми март онҳоро дар Кӯлоб надиданд, вале рӯзи 11-уми март баргаштанду, то ҳол дар маконҳои серодами Кӯлоб корашонро идома медиҳанд.
Шеваи кор аз забони узви гуруҳи "Шукрона"
Хабарнигори Радиои Озодӣ бо як нафар, ки худро узви ин гуруҳ номид, суҳбат кард. Ӯ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки вазифааш шиносоӣ ва ҷалби муштариёни деҳотӣ бо бозӣ аст: «Се нафар аз гуруҳи мо одамоне ҳастанд, ки бо навбат бозиро роҳбарӣ мекунанд. Дигарон дар нақши бозигару тамошобин ҳастанд. Мо агар рӯзе пули калони касеро бурдем, рӯзи дигар ё намебароем, ё ҷойи бозиро дигар мекунем. Он одам ҳатман ду-се рӯз меояд, вале мо мегӯем, ки худат бо мо бозӣ накардаӣ ва мо туро намешиносем. Ба милиса меравад, аризаашро қабул намекунанд ва ба ҳамин ноумед гашта, аз пайи кораш мешавад.»
Ба қавли ӯ, даромади гуруҳ вобаста ба пулест, ки дар як рӯз кор мекунанд. Бештари пулро се роҳбари гуруҳ мегирифтаанд: «Агар 3 ҳазор сомонӣ бурдем ва агар он рӯз 10 нафар баромада бошем, тақсим мекунем. Якуним ҳазор аз се нафари асосӣ аст ва якуним ҳазори дигар миёни ҳафт нафар тақсим мешавад. Моҳе мешавад, ки то 20-25 ҳазор кор мекунем.» Ӯ афзуд, ки ҳамеша аз пули «бурд» қисме «шефпулӣ» ҷудо мешавад.
Дар гузашта мақомоти интизомӣ аз боздошти қиморбозон дар шаҳри Душанбе хабар додаанд, вале ду сол боз, бо вуҷуди шикояти батакрор аз қиморбозии ин гуруҳи 15 нафарӣ, онҳо озодона дар Кӯлоб «кор» мекунанд.