Пайдо шудани “мини- казино”-ҳо ё дастгоҳҳои электронии саргармкунанда ангезаи кӯдаконро барои холӣ кардани ҷайби волидон бештар карда ва ин суолро ба миён овардааст, ки оё ин дастгоҳҳо оғози по гузоштани кӯдакон ба ҷодаи хатарноки “қиморбозӣ” нест?
Ин дастгоҳҳои электронӣ ҳоло дар чанд нуктаи наздик ба маркази шаҳри Душанбе насб шуда, рӯшан нест, ба кӣ тааллуқ доранд. Шаҳрдории Душанбе низ намедонад, ки ин дастгоҳҳо молӣ киянд ва пулҳои ҷамъшударо кӣ аз дохили онҳо берун мекунад?
Мо бо яке аз ин дастгоҳҳо дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ, маҳаллаи Яккачинор “бозӣ” кардем. Дар рӯи дастгоҳҳо навиштаҷоти “Лотереяи электронӣ дар як лаҳза” насб шудааст ва ҳар нафари хоҳишманд метавонад бо ворид кардани маблағи муайян бо ин мошин ба бозӣ дарояд.
Бозиҳо дар ин “банкомат”-ҳо мухталиф буда, зоҳиран ба бозиҳои “казино” шабоҳат доранд. Ин ҳам дар ҳоле ки фаъолияти казиноҳо ва ингуна бозиҳои монанд ба “қимор” дар Тоҷикистон манъ шудааст.
Дар ҳоле ки раҳгузарҳои бузургсол аз паҳлӯи ин мошинҳои электронӣ бетафовут мегуранд, вале кӯдакону наврасон дар назди ин гуна “банкомат”-ҳо зиёд ба назар мерасиданд ва маълум буд, ки қисми зиёди онҳо аз ин бозиҳо бохабаранд. Чанд нафари онҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки бархе дӯстони онҳо дар ин бозиҳо ҳатто то 1500 сомонӣ бурд кардаанд. Шарти бозӣ чунин будааст, ки агар бозигар маблағи бештар ворид кунад, шонсе дорад, ки маблағи назаррасро бо худ бубарад.
Бозигар бояд маблағро ба “банкомат” ворид кунад ва агар се ашёи интихоб кардааш бо ҳам мусовӣ бошад, ӯ бурд мекунад ва ба ҷои пули нақд аз “банкомат” чекеро дастрас мекунад, ки дар он маблағи бурд навишта мешавад. “Банкомат” пули бурдро дафъатан ба шахси ғолиб намедиҳад. Дар рӯи расид рақами телефоне навишта шудааст, ки бозигари пирӯз бояд ба он занг бизанад ва пулро аз дасти соҳибони “мини-казино” дастрас кунад.
Барои санҷиш мо як наврасро хоҳиш кардем, ки роҳи бозиро ба мо нишон бидиҳад. Ӯ бо ду сомонии хабарнигори Радиои Озодӣ 5 дақиқа бозӣ кард, вале дар ниҳоят аз дохили дастгоҳ расиди бурд дар ҳаҷми ҳамагӣ ... 1 дирамро берун овард. Мо бо шумораи телефоне, ки дар расид навишта шуда буд, тамос гирифтем, вале касе аз он сӯ гӯширо набардошт.
Ба назар мерасид, ки ин дастгоҳ на барои муддати тӯлонӣ, балки барои ҷамъоварии як пули хуб дар муддати кӯтоҳ насб шуда, баробари расидан ба ҳадаф аз ин ҷо бардошта мешавад. Зеро агар бозигар чанд дафъа сомонӣ партояду ба ҷояш 1 дирам “бубарад”, табист ки дигар аз ин дастгоҳи фиреб канораҷӯӣ мекунад.
Мо аз фурӯшандаҳое, ки дар шафати “мини-казино” кор мекарданд, пурсидем, ки ин дастгоҳҳо молӣ киянд? Онҳо гуфтанд, ки дастгоҳҳо “худ ба худ” пайдо шуданд ва соҳибаш худро ошкор накардааст. Бархе аз фурӯшандаҳо мегуфтанд, ки ин дастгоҳҳо кӯдаконро аз мактабу таҳсил дур ва пулдӯстдор мекунанд.
Шаҳрдории Душанбе низ насби дастгоҳи бозиҳои пулакиро дар баъзе кӯчаҳои пойтахт хилофи қонун арзёбӣ кард. Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории Душанбе гуфт: ”Соҳибони ин банкоматҳо то ба ҳол иҷозати мақомотҳои дахлдорро оиди ҷойгиркунӣ дар кӯчаҳои пойтахт ва ҳамчунин иҷозатномаи вазорати молияро надоранд.”
Зимнан, фаъолияти тамоми бозиҳои саргармкунанда ва ҳамаи намуди қиморхонаҳо дар қаламрави кишвар ҳанӯз соли 2000 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд. Дар шаҳри Душанбе расман танҳо толорҳои бозии лото боқӣ мондаанд, ки мақомот онҳоро “қимор” намешуморанд.