Мақомоти қудратии шаҳри Кӯлоб аз ошкор шудани як қиморхона дар ин шаҳр хабар доданд. Тавре аз вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми март хабар доданд, ин қиморхона аз тарафи кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб рӯзи 10-уми март ошкор шудааст, ки Абдулмаҷид Ҳотамови 42-соларо ҳамчун гумонбар барои ташкили ин қиморхона боздошт кардаанд. Ин манбаъ меафзояд, ки "номбурда хонаи истиқоматиашро, воқеъ дар маҳаллаи С.Сафаров ба қиморхона табдил дода, ба шаҳрвандон: Баҳодур Шарифови 28-сола, Иброҳим Бобоеви 42-сола ва Саид Бозорови 27-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб, барои қиморбозӣ шароит фароҳам овардааст. Ҳамчунин дар ивази ин аз онҳо ҳаққи хизматашро 1180-сомонӣ гирифтааст." Тибқи хабари ВКД далелҳои шайъӣ гирифта шуд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида ва тафтиш идома дорад.