Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти баҳсбарангези як ҷавонро дар Душанбе шарҳ доданд


Мақомот мегӯянд, боздошти Имомалӣ Идибегов ба "сарбозшикор" рабт надорад
Мақомот мегӯянд, боздошти Имомалӣ Идибегов ба "сарбозшикор" рабт надорад

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навори боздошти ҷавонеро дар Душанбе шарҳ доданд.

Мақомот рӯзи 11-уми апрел гуфтанд, ҳамон тавр, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст, ҳодиса ба "сарбозшикор" ё "облава" рабт надорад, балки амалиёти дастгир кардани як шахси гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДОИШ аст.

Аз ҷавон Имомалӣ Идибегов, сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва падари се фарзанд, ном бурдаанд. То ҳанӯз назари наздиконаш ба қазия маълум нест.

Навори боздошти ҷавон дар маҳаллаи 46-уми пойтахт рӯзи 9-уми апрел ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ҳоле ки маъмурони интизомӣ ҳамон лаҳза далели боздошти ӯро шарҳ надоданд, аксарият саҳнаро ба "сарбозшикор" рабт доданд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Имомалӣ Идибеговро "ҷинояткори махсусан хавфнок" тавсиф карда, гуфтаанд, боздошти ӯ рӯзи 6-уми апрел сурат гирифт. "Дастгир кардани ӯ бар асоси маълумоти дақиқи оперативӣ ва парвандаи ҷустуҷӯии ҷиноӣ бо моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия ва моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад", - омадааст дар баёнияи ВКД.

Ба иттилои расмӣ, ӯ солҳои 2015-2017 дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскав буда, гуё "тавассути шабакаҳои интернетӣ пайравӣ ва ҷонибдорияшро ба ДОИШ ифода намудааст".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Имомалӣ Идибегов дар ҳудуди Русия бо Темур Амиров ва Даврон Сулаймонов (шаҳрвандони Узбекистон) ба хазинаи гуруҳи "Давлати исломӣ" пул гузаронда, нақшаи амалиёти террористиро доштаанд. Тасдиқи дурустии ин иддао аз манобеи дигар феълан имкон надорад.

Танҳо дар як феҳристи шахсони гумонбар ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба созмонҳои мамнуъ, ки рӯзномаи "Российская газета" солҳои 2017 ва 2018 нашр кардааст, номи Имомалӣ Идибегов ва Темур Амирову Даврон Сулаймонов низ зикр шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ду шаҳрванди Узбекистон дар Русия дастгир шуда, Имомалӣ Идибегов ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо нагуфтаанд, ки ӯ кай ба Тоҷикистон омад ва чаро амалиёти боздошти ӯ баъд аз чаҳор соли буданаш дар Русия сурат гирифт.

Русия чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ҷустуҷӯ дорад. Аксу номи чанде аз онҳо дар сомонаи "Интерпол" ҳаст. Бархе дигар дастгиру муҷозот шудаанд, вале пайвандонашон ҳамвора ҳамкории онҳоро бо созмонҳои мамнуъ инкор кардаанд.

Фаъолияти гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва пайравӣ аз он дар ҳудуди Тоҷикистону Русия мамнуъст.

XS
SM
MD
LG