Як ҷавони гумонбар ба дуздӣ баъди дастгир шудан аз сӯйи маъмурони милиса фавтидааст.
Наздиконаш то ба ҳол дар ин маврид чизе нагуфтаанд, аммо масъулони Вазорати корҳои дохилӣ шрӯзи 10-уми апрел хабар доданд, ки Меҳриддин Гадозода худро аз ошёнаи севум партофт ва ба ҳалокат расид.
Тасдиқи дурустии иттилоъ аз манобеи мустақил феълан имкон надорад. Дар гузашта чанд ҳодисаи ба ин монанд рух дода, пайвандони фавтидаҳо далели мақомотро зери шубҳа бурда буданд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёяние гуфтанд: "Гумонбаршаванда Гадозода Меҳриддин Файзулло ҳангоми дастрас намудан ба ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт. Аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад."
Ба иттилои расмӣ, Меҳридин Гадозодаи 31-сола аз деҳаи Кабирободи ҷамоати Абдулвоситови шаҳри Ваҳдат ба дувоздаҳ мавриди дуздӣ гумонбар буда, "амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуд".
Тафсилоти аз ин бештар дастрас нест. Мақомот гуфтанд, санҷиши ҳодиса идома дорад.
Назари пайвандони Муҳриддин Гадозода дар ин замина дастрас нашудааст ва рӯшан нест, то куҷо бо хулосаи мақомот розиянд. Дар гузашта низ чанд гумонбар пас аз боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо аз шиканҷа гуфтаанд, вале мақомот аз сактаи дилу муътодӣ.
Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мавзӯест, ки дар гузориши созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамвора мояи интиқодҳо аз мақомоти Тоҷикистон мешавад.
Мақомот вуҷуди бадрафториро инкор намекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд.