Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаштод дарсади русҳо тоҷиконро дар ватанашон намехоҳанд." ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

Имрӯз ҳар куҷое ки нигаред, ғавғову ҳаёҳу дар бораи парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ба Русия ва қимати билетҳост. Аммо баҳси зиёдтар аз ҳама дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои он дар Фейсбуку Инстаграму Ютуб дар бораи он буд, ки чаро бомдоди 3-уми апрел нахустин парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав сурат нагирифт.

Онгуна ки медонед, он рӯз садҳо мусофир ба фурудгоҳ омаданд, вале ноумед баргаштанд, чун ҳукумати Русия қарори зарурӣ дар бораи роҳ додани шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламравашро қабул накарда буд. Ҳарчанд баъдан парвозҳои мунтазам оғоз ёфт, вале баҳси зиёде дар бораи ин масъала идома дорад ва мебинем, ки мардум чӣ мегӯянд.

Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки номашро нагуфта ва чунин шарҳеро дар вебсайти мо гузоштааст: "Русия мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро паст мезанад, вагарна ҳамаи ин кашмакашу талаф кардани вақту пули мардуме, ки ба фурудгоҳ омаданд, чӣ даркор буд. Шумо дар ҳукумати Тоҷикистон, оё метавонед, бо ҳамкорони худ дар Русия маълум кунед, ки кор мешавад, ё не, то ки мардум чунин азоб накашад ва ба худи шумо ҳам наханданд".

Теъдоде аз корбарони дигар ҳам мақомоти расмии Тоҷикистонро сахт танқид кардаанд, ки чаро аввал масъалаву корҳоро аниқу дақиқ намекунанд ва шитобкорона билет фурӯхтаанду мардумро саргардон кардаанд.

Корбаре бо номи "Ғамзада77" шарҳеро дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм гузоштааст: "Инҳо низ бисёр масхара карданд. Одамоне, ки билет хариданд, нисфашон гов, мошин, ягон чизи дигарашонро фурӯхта, бо умед билет гирифта буд. Акнун пули онҳо ба ҳаво меравад, аввал ягон чизро дақиқ намекунад, ки баъди он билет фурӯшед. Мардум пулро аз саҳро надаравидааст ку."

Корбари дигаре, ки гузориши Радиои Озодиро дар ин бора дар канали мо дар дар Ютуб тамошо кардааст, навиштааст, ки сарсон ва саргардон шудани мусофирони ҳавопайморо дида, ғамгин мешавад: "Ба Худо қасам ин аҳволро мебинам, нияти рафтан ба ватанро умуман надорам!! Қимматӣ мегӯянд, мардум. Дар ватан зиндагӣ кардан бисёр мушкил шудааст, кор нест мегӯянд. Ин аҳволро мебинам, то чанд дилмонда мешавам".

"80% русҳо мо тоҷикҳоро дар ватанашон намехоҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Дар ин миён як нафар дар Инстаграм муҳоҷирони тоҷикро танқиду сарзаниш кардааст, ки баъди оғози пандемияи коронавируси нав, худро ба фурудгоҳҳо мезаданду онҷо мехобиданд, то ба Тоҷикистон раванд, вале ҳоло баръакс шудааст. Ин корбар, ки худро Пур Мен муаррифӣ кардааст, менависад: "Як сол пеш дар Русия ҳамин гуна дар фурудгоҳҳо хоб будед, зора мекардед, ки шуморо ба Тоҷикистон баранд, ҳоло аз он тараф, зора доред, ки ба Русия биёед. Мебахшед, вале барои ман хандаовар аст".

Теъдоди дигаре аз корбарон ба муҳоҷирони кории тоҷик тавсия додаанд, ки агар дар Русия кор карданӣ ҳастанд, пас хонахез ва ё бо тамоми аҳли хонавода биёянду муқимӣ шаванд, чун кори мавсимӣ на ба нафъи худашон аст ва на ба фоидаи фарзандону оила. Шарҳи ин корбар, ки дар Инстаграмм номи печида ва талаффузнокарданӣ дорад, чунин аст: “Бародарҳои муҳоҷир, агар мехоҳед, Русия биёед, оилавӣ хеста биёед. Касоне, ки меравед, барнагардед. Агар мехоҳед, боз барои кор биёед, хубаш падару модар ва оилаатонро гиред биёед. Ё дар ватан пеши падару модар кор кунед, чун ин дунё ба ин қадар азоби дуриву ҷудоӣ намеарзад".

Гуруҳи дигаре аз корбарон ба довталабони муҳоҷирати корӣ дар Русия насиҳат кардаанд, ки ба инҷо наоянду барои кор ба кишварҳои дигар, масалан Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷират кунанд, ки солҳои ахир теъдоди тоҷикон дар онҳо ҳам зиёдтар мешавад. Теъдоди дигар гуфтаанд, хуб таҳсил кунанд, аз ин ҳама саргардонӣ халос мешаванд.

Як корбари дигар дар канали Радиои Озодӣ дар Ютуб мегӯяд, "эй тоҷикон, чаро забон намеомӯзем, намехонем, забонҳои хориҷиро бояд омӯзем, англисӣ ва олмонӣ. Вақте мо 20 дар сад забони дигари хориҷиро омӯзем, ба Русия муҳтоҷ намешавем. Шумо шоҳид ҳастед, ки 80 дар сади русҳо намехоҳанд, мо тоҷикон дар ватанашон кор кунем. Мо худамон гунаҳкорем ва бар замми ин ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор мекунем".

Хуб мешавад, агар шумо ҳам назару андешаҳои худро бинависед ва ё сабт кунеду ба ин рақам (+420) 607 900 808 бифиристед. Вотсапп Вайбер ва Телеграму ИМО дорад. Дар вебсайти Радиои Озодӣ ҳам айни корро карда метавонед.

XS
SM
MD
LG