Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch (HRW) гурӯҳи Толибонро муттаҳам кард, ки барқасдона даст ба куштори намояндагони расонаҳо мезанад.
Дар гузориши созмон, ки рӯзи 1-уми апрел нашр шуд, аз вазъи озодии баён ва матбуот дар пасманзари ҳолати пешомада нигаронӣ шудааст.
Патрика Госсман, масъули бахши Осиё дар ин созмон гуфтааст, "зиёд шудани таҳдидҳо ва қатлҳо паёмҳои нохубе ба расонаҳо дар ин лаҳзаҳои пурхатар аст. Дар замоне ки ҳама тарафҳо барои ҳимоят аз озодии баён дар Афғонистони оянда музокира мекунанд".
Ин масъули созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар афзуд, ҳамла ба журналистон дар ин кишвар пас аз шурӯи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар пойтахти Қатар бештар шудааст ва боис ба нигаронӣ аст.
Бар пояи гузориши созмон, ҷангҷӯён ва фармондеҳони Толибон дар минтақаҳои зери назорати худ ва ҳамчунин дар пойтахт - Кобул алайҳи намояндагони расонаҳо аз таҳдиду тарсонидан ва хушунат ба кор мебаранд.
Ба гуфтаи ин созмон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, шахсоне, ки хабарнигоронро таҳдид мекунанд, ғолибан аз кор, хонавода, ҳаракати онҳо маълумот доранд ва аз ин маълумот барои маҷбур кардан ба сензура ва ё тарки кор истифода мебаранд.