Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарчашмаи COVID-19: аввал кӯршапаракҳо, баъдан шояд росуву калтакалосҳо?


Бо вуҷуди паҳн шудани вируси COVID-19 ва фарзияҳои аввалия дар бораи ин ки шояд маншаи он кӯршапаракҳо буданд, дар бозори маъруфи гӯшти ҷонварони экзотикии шаҳри Томохони Индонезия аз фурӯши кӯршапаракҳо даст накашиданд. Акс аз тирамоҳи соли 2020
Бо вуҷуди паҳн шудани вируси COVID-19 ва фарзияҳои аввалия дар бораи ин ки шояд маншаи он кӯршапаракҳо буданд, дар бозори маъруфи гӯшти ҷонварони экзотикии шаҳри Томохони Индонезия аз фурӯши кӯршапаракҳо даст накашиданд. Акс аз тирамоҳи соли 2020

Таҳқиқоти табиати пайдоиши вируси COVID-19, ки муштаракан аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва мутахассисони чинӣ анҷом шудааст, мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб ин вирус ба одам аз кӯршапарак ваё дигар навъи ҷонвар сироят кардааст. Вале гузорише, ки онро қабл аз муаррифиаш дар таърихи 30-юми март чанд намояндаи матбуот дастрас кардааст, ба саволи ин ки манбаи пандемия чист, посухи рӯшан намедиҳад. ИМА ҳам бо ишора ба эҳтимоли дахолати Чин ба гузориш ба натиҷаҳои ин таҳқиқот бо шубҳа баҳо додааст.

Тедрос Аданом Гебреусус, раҳбари СҶТ дар остонаи муаррифии гузориш гуфт, ки имрӯз ҳам ҳама фарзияҳо дар бораи пайдоиши вирус имкон доранд, ки ҷой дошта бошанд ва ин мавзӯъ бояд мавриди таҳқиқ дар оянда қарор гирад. Дар гузориш гуфта шудааст, ки вируси SARS-CoV-2, ки боиси пайдоиши COVID-19 шудааст, ба инсон аз кӯршапарак ваё дигар ҷонвар сироят кардааст. Ба эҳтимоли зиёд ин вирус ба таври мустақим аз кӯршапарак ба инсон гузаштааст. Донишмандон давоми муддати дароз ба ин фарзия бо шубҳа менигаристанд.

Навъи бисёр монанд ба вируси SARS-CoV-2 дар кӯршапаракҳо ошкор гардид. Дар гузориш инчунин машварат дода шудааст, ки бархе навъҳои дигари ҷонварони ваҳшии мисли росуву калтакалосро ҳам аз назари эҳтимоли сироят кардани вирус мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Дар гузориш инчунин нақши бозори молфурӯшии Вуҳан ҳам зикр шудааст, ки бовар меравад маҳз аз он ҷо декабри соли 2019 COVID-19 ба инсон сироят карда дар ҷаҳон босуръат паҳн шудааст.

XS
SM
MD
LG