Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ба ду ниҳоди амниятии Тоҷикистон амр дод, ба фарзандони як ҷавоне, ки баъди шиканҷаву бадрафтории кормандони ҳарду ниҳод худкушӣ кард, ҷуброн бипардозанд.
Бар асоси қарори Додгоҳи низомии Душанбе, ки рӯзи 16-уми март содир шудааст, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ бояд ба фарзандони Комил Хоҷаназаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт 5 ҳазор сомонӣ бипардозанд, зеро маҳз бо гуноҳи ин ду ниҳоди давлатӣ фарзандони хурдсоли ӯ аз саробон ва ё ноновари хона маҳрум шудаанд. Ҳоло маълум нест, ки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат мекунанд, ё не. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари ин ду ниҳодро дар бораи қарори додгоҳ бигирад.
Гулмира Ҳотамова ҳамсари Комил Хоҷаназаров рӯзи 12-уми декабри cоли гузашта, раёсатҳои ин ду ниҳоди муҳим дар вилояти Суғдро ба додгоҳ кашид ва аз онҳо талаб кард, барои таъмини ду кӯдаки нимаятимаш 280 ҳазор сомонӣ ҷуброн бипардозанд. Эътилофи мубориза ба зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки аз ҳаққи Гулмира Ҳотамова ҳимоят мекард, бо нашри як баёния гуфт, ҷуброне, ки додгоҳ таъин кардааст, бисёр кам ва “ба зиёне, ки ба ҷабрдида расонидаанд, мутаносиб нест.”
Дар аризаи даъвогии Гулмира Ҳотамова омадааст, ки шавҳараш Комил Хоҷаназаров бо бародараш ба насбу таъмири кондитсионерҳо машғул буд ва ягона саробони оила ба ҳисоб мерафт. Ӯ худаш фаррошӣ мекунад ва музде, ки ба даст меорад, барои фароҳам кардани зиндагии шоиста барои кӯдакон кофӣ нест.
Қазияи худкушии Комил Хоҷаназаров, ки худаш фарзанди корманди додгоҳ буд, соли 2017 сару садои зиёдеро бахусус дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Комил Хоҷаназаровро кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд тобистони соли 2017 ҳамроҳ бо 15 узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дастгир ва баъд аз чанд рӯз озод карданд.
Падари Хоҷаназаров: "Ташхис нишон дод, ки писарам шиканҷа шудааст"
Баъди раҳоӣ аз боздошт, Комил Хоҷаназаров дар як навори савтӣ нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷаи сахт дода ва ҳатто гуфтаанд, ки таҷовузаш мекунанд. Дар ин навори савтӣ, ӯ гуфтааст, ки муфаттишон мехостанд, ӯ иттиҳоми узвият дар ҳизбро эътироф кунад.
Дар ин навор аз ҷумла ӯ мегуфт: “Ман якто худам будам, ҳамашон мана заданд, забонашонда апаам намонд, занам намонд, занчатаям гуфтан, онаятам гуфтан. Ҳамаи гапа гуфтанд…” Комил Хоҷаназаров гуфтааст, ки муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд. Комил Хоҷаназаров баъди ин ҳама худро овехта кушт.
Баъди сари забонҳо шудани қазия, Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, Шуҳрат Шамсиддинов, подполковники милисаи Хуҷанд барои бадрафторӣ ва истифода аз шиканҷа ба 12 солии зиндон ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини Шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ба 13 соли зиндон маҳкум шуданд. Шуҳрат Шамсиддиновро, ки ба Қирғизистон фирор карда буд, баъди истирдод ба Тоҷикистон муҳокима ва зиндонӣ карданд.
Дар Тоҷикистон додгоҳҳо аҳёнан ниҳодҳои давлатиро ба чизе гунаҳкор мекунанд, ҳарчанд таҷрибаи ситонидани ҷуброн аз онҳо вуҷуд дорад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо таъйини ҷуброн, ки аксаран пули зиёде нест, додгоҳҳо ва мақомот мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки дар кишвар “адолати додгоҳӣ вуҷуд дорад.” Бадрафторӣ бо боздоштшудагон ҳамчунон як масъалаи доғ боқӣ мемонанд ва Созмони Милал ҳам аз Тоҷикистон хостааст, ин зуҳуроти бадро решакан кунад.