Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи афсари фирории пулис дар Хуҷанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳи низомии Хуҷанд муҳокимаи як афсари пулисро, ки ба шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ муттаҳам мешавад, шурӯъ кард.

Шуҳрат Шамсиддинов, подполковник ва корманди собиқи идораи пулиси Хуҷанд ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2017 баъди боздошти Комил Хоҷаназаров, сокини Ашт бо ду муфаттиши дигар ӯро азобу шиканҷа додаанд, то иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро эътироф кунад.

Баъди ифтитоҳи парванда, Шуҳрат Шамсиддинов фирор кард, вале ӯро охири соли 2018 дар Қирғизистон дастгир карданд ва ба дасти мақомоти интизомии Тоҷикистон супурданд.

Шуҳрат Шамсиддинов ба шиканҷа, ки боиси марг шудааст, боздошти ғайриқонунӣ ва қаллобӣ ба миқдори калон муттаҳам мешаванд. Худи Шуҳрат Шамсиддинов, иттиҳомотро инкор карда ва гуфтааст, ки дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров даст надорад.

Бахтиёр Бобоҷонзода, додраси додгоҳи ҳарбии Хуҷанд ва масъули муҳокимаи Шуҳрат Шамсиддинов рӯзи 21 январ гуфт, баррасии парванда зери муҳри махфӣ ҷараён дорад, бинобар ин ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунад.

Шаҳидбой Ҳоҷибоев, вакили дифои Шамсиддинов, низ нахост дар бораи хатти ҳимояти худ бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Ӯ танҳо гуфт, зерҳимояаш замони ғайриқонунӣ дастгир ва шиканҷа шудани Комил Хоҷаназаров дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси муфаттиши пулис адои вазифа мекард ва дар боздошти ғайриқонунӣ ва шиканҷаву бадрафторӣ бо Хоҷаназаров даст надорад.

Падараш мегӯяд, баръакс боре писараш Комил Хоҷаназаровро, ки мақомот барои бозпурсӣ ба Хуҷанд даъват карданд, вақти бозгашт ба ноҳияи Ашт 50 сомонӣ пули роҳ додааст.

Шуҳрат Шамсиддинов қаблан дар ноҳияи Ашт ба ҳайси раҳбари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии шуъбаи милиса кор карда, сипас соли 2013 ба кори идораи пулиси Хуҷанд гузаштааст. Ӯ аз қабл Хоҷаназаровро мешинохтааст.

Гулнора Аминова, вакили дифои ҷониби ҷабрдида дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Шамсиддинов дар боздошти ғайриқонунӣ ва шиканҷаи Комил Хоҷаназаров ҳамроҳ буд ва иттиҳомот зимни тафтиши аввалия бо далелҳо собит шудааст.

Мақомоти интизомӣ Комил Хоҷаназаров, фарзанди яке аз кормандони додгоҳ дар ноҳияи Аштро тобистони соли 2017 дастгир ва баъд аз чанд рӯз озод карданд. Баъди раҳоӣ аз боздошт, ӯ дар як сабти садоӣ нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷа доданд.

Комил Хоҷаназаров, ки баъд аз чанд муддати раҳоӣ худро кушт, дар навор гуфтааст, ки муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд.

Ду нафар дар зиндон навбати саввумӣ

Баъди ошкор шудани навор мақомоти Тоҷикистон ба зидди Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ва Шуҳрат Шамсиддинов, подполковники милисаи Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ду нафар дастгир шуданд ва Шамсиддинов фирор кард ва ҳоло дар додгоҳи ҳарбӣ дар курсии ҷавобгар нишастааст.

Баъдан моҳи июни соли 2018 Латифҷон Юлдошев ва Муҳаммад Наимов бо гуноҳи шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ мутаносибан ба 13 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Масъалаи истифода аз шиканҷа барои эътирофи иттиҳом дар Тоҷикистон масъалаи доғ боқӣ мемонад.

Эътилофи мубориза бо шиканҷа гуруҳи иборат аз чандин созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон соли гузашта бо нашри як гузорише аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2017 ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон 24 нафар муроҷиат кардаанд. Аз миёни онҳо 9 нафарашон хешовандони ҷабрдидагон будаанд ва аз шиканҷа шудани наздиконашон хабар додаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки масъалаи истифода аз шиканҷаро ҷиддӣ мегиранд ва ҳар нафар ки ба ин амалкарди ғайриқонунӣ роҳ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи майи 2018 гуфт, ки дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 дар робита ба истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ 7 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва 5 парвандаро ба додгоҳ фиристодааст. Ҳафт корманди мақомоти интизомиро барои чунин рафтор ба зиндон маҳкум кардаанд.

XS
SM
MD
LG