Дар Душанбе як марди 46-соларо барои никоҳ бо духтари 12-сола ба зиндон маҳкум кардаанд. Никоҳ аз 18-солагӣ иҷозат аст. Бино ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино, ки моҳи гузашта содир шудаву ба иҷро даромадааст, Давлатманд Касиров се солро дар маҳбас мегузаронад.
Пайвандони духтар ҳукмро ноодилона хонданд, чун ба гуфтаи онҳо, "ба мард ҷазои камтар додаанд". Яке аз пайвандони Касиров мегӯяд, "ӯ низ аз ҳукм розӣ нест, чун иттиҳомро бепоя медонад, вале зинаи болоии додгоҳ даъвояшро қонеъ накард".
Дар Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ", ки аз ҳаққи модару духтари ноболиғаш ҳимоят мекард, рӯзи 17-уми март гуфтанд, додгоҳ мардро барои раво дидани "ҳаракати бадахлоқона" гунаҳкор шинохтааст.
Як мусоҳиби мо дар созмон гуфт, духтар, ки баъд аз ин ҳодиса аз таҳсил канор монда буд, дубора ба мактаб баргашт. "ҳарчанд мард муносибатҳои бадахлоқонаро нисбат ба ноболиғ эътироф накард, ташхиси равоншиносӣ нишон дод, ки духтар дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт", -- афзуд ӯ.
Қаблан мақомот хабар дода буданд, ки Давлатманд Касиров, сокини 46-солаи ноҳияи Синои пойтахт, дар баробари зиндагии якҷоя бо ду зан, инчунин, ноболиғи 12-соларо ба никоҳи худ даровардааст.
Худи мард он замон дар як гузориши Вазорати корҳои дохилӣ никоҳ бо духтари ноболиғро тасдиқ кард, вале рӯшан нест, ки навор таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Назари ҷудогонаи ӯ ва ё вакили мудофеаш дар бораи ҳодиса дастрас нест.
Як нафари наздик ба хонаводааш гуфт, Касиров ва вакили дифои ӯ аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят карданд, аммо додгоҳ ҳукмро бетағйир гузоштааст. “Вай дар толори додгоҳ низ гуфт, ки бо ин духтар муносибати маҳрамона надоштааст”, -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Модари духтар рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди онки духтараш дубора ба таҳсил фаро гирифта шуд, ҳанӯз ба ёрии равоншинос ниёз дорад: “Ин мардро се сол зиндонӣ карданд. Одаме, ки ғайриқонунӣ ду зан дошт, аз андоз қарздор буд. Боз болои ин бо духтари ноболиғ никоҳ карда буд."
Ба нақли зан, мушкили ӯву фарзандонаш баъд аз он сар шуд, ки дар оғози пандемияи коронавирус кошонаҳои ҳусн баста шуданд ва ӯ муваққатан ҷойи кору даромадашро аз даст дод.
"Ва он вақт мо дар як манзили мутааллиқ ба Давлатманд Касиров дар ҳудуди ноҳияи Сино иҷоранишин шудем ва ҳар моҳ бояд 700 сомонӣ медодем. Бо хоҳиши Давлатманд Касиров ва ҳамсари ӯ корро дар як дӯкони онҳо шуруъ кардам. Дар иваз хӯрок мегирифтам. Як рӯз духтари хурдиям омаду гуфт, ки "Ҳоҷӣ" хоҳарамро мекушад. Вақте рафтаму пурсидам, чӣ кор мекунӣ, ҷавоб дод, ки зани ман аст, ту чӣ кор дорӣ?" – гуфт ӯ.
Ин зан нақл кард, ки 16 сол қабл издивоҷ карда, се фарзанд дорад ва аз шавҳараш ҷудо шудаву таъмину нигоҳубини кӯдакон ба уҳдааш аст. Зан иддао карда буд ки Давлатманд Касиров аз нодории ӯ истифода кардааст.
Худи И.Н. (духтари дувоздаҳсола), ки бо сабабҳои ахлоқӣ аз ӯ ном намебарем, тобистони соли гузашта дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, чӣ гуна ба никоҳи мард даромад ва аз тарс аз чунин рафторҳои ӯ ба модар шикоят намекард.
Дар Тоҷикистон никоҳро аз 18-солагӣ иҷозат додаанд, вале сари чанд вақт хабарҳо дар бораи никоҳи мардон бо духтарони ноболиғ расонаӣ мешавад. Соли 2013 мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Восеъ ба зидди як сокини ин ноҳия бо гумони издивоҷ бо хонандаи синфи 7-ум парванда кушода буданд.
Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи марбут ба таҷовуз ва бадахлоқӣ бо ноболиғон дастрас шудааст. Маълум нест, чӣ қадари дигар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.