Додситони кулли Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки парванда ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсиро, ки дар садамаи мошинаш овозхон Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, боздоштааст.
Шарҳи садамаи ҳашт моҳи пеш
Рӯзи 13-уми март Маркази матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дар матлабе навиштаи Радиои Озодӣ аз 2-уми мартро шарҳ дода, тасдиқ кардааст, ки тафтиши парвандаи Ислом Анварзода аз “10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштан” бар асоси “сархати 3 қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон боздошта шудааст”. Ин банди Кодекс дар ҳоле татбиқ мешавад, ки бидуни ҳузури айбдоршаванда давом додани тафтиш ғайриимкон аст.
Садамаи пурсару садо, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохта ҳалок шуд, субҳи 7‑уми августи соли 2020 рух дод. Мақомот додситони собиқ ва писари Анвар Қурбонов, тоҷири шинохтаро муттаҳам карданд, ки "дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон карда, боис ба марг ё зарари саломатии инсонҳо" шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки нисбат ба ин ҳодиса 10-уми августи соли гузашта “бо қисми 4 моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ", яъне садамае, ки боис ба маҷрӯҳ ва ҳалокати инсонҳо шудааст, парванда боз карда тафтиши пешакӣ анҷом додааст. Ин ниҳод пас аз ҳашт моҳ бори аввал садама бо иштироки корманди собиқашро шарҳ дод.
Аз ин пеш, як мақоми огоҳ аз тафтишот рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дода буд.
Зоҳир, яке аз дӯстони Ислом Анварзода, рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯро тақрибан ду моҳ пеш барои табобат ба Русия бурдаанд. "Ҳама ҷояш маъюб аст, аз хурсандӣ ба тамошо нарафтааст. Духтурон гуфтанд, ки бояд зудтар дар хориҷ муолиҷа гирад. Дар онҷо бояд даст часпонанд. Бо он аҳвол ӯ на дар назди тафтишот ҷавоб дода метавонад, на дар назди суд”, -- афзуд мусоҳиби мо.
Писари Баҳром Ғафурӣ: Касе гап назад
Пайвандони Баҳром Ғафурӣ гуфтанд, ки аз тафтиши парвандаи марги ӯ ҳеч хабар надоранд. Анушервони Баҳром, писари овозхон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар бораи парванда касе суҳбат накардааст ва мо низ касеро дар ин бора напурсидем."
Садамае, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик, ҳалок шуд, сару садо ба по кард ва ҳаводоронаш хостори муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса шуданд.
Дар гузашта садамаҳое бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ё худи мансабдорон то ба охир таҳқиқ нашудааст ва ё хулосаи додгоҳ бештар ба манфиати омилони садама будааст.
Садамаҳои маргбор, вале бе "гунаҳкор"
Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Сино, ки охири моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, пас аз се моҳи боздошт, афв ва раҳо гашт.
Фарзанди мансабдороне ба мисли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан ва Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамаҳое, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буданд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасид.
Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” номиданд.