Сокинони деҳаи Луғари поён дар шаҳри Роғун мегӯянд, ба қарори кӯчондани хонаҳояшон ба минтақаи болои деҳа, ки мақомот содир кардаанд, розӣ нестанд.
Онҳо талаб доранд, мақомот дар водиҳо ва заминҳои ҳамворе дар ноҳияи Файзободу Ваҳдат ва ё Рӯдакӣ барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо кунанд. Бино бар бунёди обанбори нерӯгоҳи Роғун, замини хонаҳои сокинони ин деҳа зери об мемонад ва бояд кӯчонида шавад.
Чанде аз сокинони деҳа рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маконе, ки мақомот барои кӯчонидани онҳо пешбинӣ кардаанд, кӯҳистон буда, роҳу хатти барқ надорад ва зимистони сарду тӯлонӣ дорад.
Саид Юсуфов, сокини деҳаи Луғари поён, мегӯяд, “инҷо қариб 7 моҳаш зимистон аст, барфи бисёр меборад. Мо мехоҳем, моро ба ҷойҳои ҳамворӣ ва ободтаре дар ноҳияи Ваҳдат, Рӯдакӣ ва ё Файзобод кӯчонанд."
Ҳабибулло Асалов, сокини дигари Луғари поён, гуфт, умрашро дар кӯҳистон сипарӣ кард ва акнун мехоҳад, пайвандону наздиконаш дар ҷойи ободтаре зиндагӣ кунанд: "Вақте мақомот ба мо заминҳои болотари деҳаро пешниҳод карда буданд, ҳамон замон ба ин ризоият надода будам. Мехоҳам, ба ҷойи ободтаре кӯчонанд, то кӯдакон имкони ба мактаб рафтан дошта бошанд. Ҳоло дар ҷое, ки зиндагӣ мекунем, кӯдакон то синфи 4 ба мактаб мераванд, баъд маҷбуранд, ба мактаб-интернати Обигарм раванд. Чун дар ин ҷо мактаб нест."
Дар ҳамин ҳол, Сангалӣ Шоев, раиси ҷамоати Сичароғ, гуфт, бо ризояти худи сокинон 48 хоҷагӣ, ки аз 94 оила иборат аст, ба заминҳои панҷ километр болотар кӯчонида мешаванд. Ӯ гуфт, қарори ҳукумат дар ин бора содир шудааст ва онҳо аз рӯйи он амал хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷойи нав барои сокинон ҳама шароит, аз ҷумла мактаб ва шифохона сохта хоҳад шуд.
То кунун, ба гуфтаи мақомот, хонаҳои сокинони деҳаҳои Чорсада ва Сирчаро кӯчонида шуданд, чун ба зудӣ он ҷо зери оби обанбори нерӯгоҳ мемонад.