Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба таеквондо WT омодагӣ мебинанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Иттиҳоди таеквондои Осиё (WT Asia) санаи нави баргузории мусобиқаи интихобӣ ба Олимпиадаи Токио-2020-ро эълон кард. Мусобиқа як ҳафта пештар - рӯзҳои 21-22-юми май - дар шаҳри Аммони Урдун баргузор хоҳад шуд. Қаблан баргузории мусобиқа рӯзҳои 14-ум ва 15-уми май ба нақша гирифта шуда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба мусобиқаи интихобӣ варзишгарони тоҷик низ омодагӣ мебинанд.

"Се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо WT - Моҳрӯ Ҳалимова, Муниса Ойматова, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд, аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии кишвар бархӯрдоранд", - гуфта мешавад дар хабари сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мусобиқаи таэквондо дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 8 вазн – 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон - сурат мегирад ва аз тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 128 варзишгар имкони иштирок дар ин бозиҳоро доранд.

Роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ дар намуди таеквондо бо ду роҳ тақсим карда мешавад – мусобиқаҳои интихобӣ ва раддабандии ҷаҳонӣ. Тариқи раддабандии ҷаҳонӣ 40 роҳхат – 5 роҳхат дар ҳар вазн, тариқи силсилаи Grand Slam 8 роҳхат ҷудо мегардад. 72 роҳхати дигарро варзишгарон дар мусобиқаҳои интихобии қоравӣ (ҷойҳои якуму дувуми ҳар вазн) ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар ин ришта ду нафар – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов – намояндагӣ карда буданд.

Вале варзишгарони тоҷик дар ин намуд аз имкониятҳои худ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Олипиадаи Рио-2016 маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG