Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гуноҳи ҷосусӣ дар зиндонҳои Узбекистон ҳастанд, аз мақомоти Тошканду Душанбе бозбинии ҳукм ва озодиашонро талаб доранд.
Ин гуруҳи маҳбусон иддао доранд, ки қурбонии режими Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, шудаанд ва парвандаву ҳукмашон бештар сиёсӣ ва бофтаву сохта аст. Мақомоти Узбекистон ҳанӯз ба ин дархост посух надодаанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Тошканд гуфтанд, ки аз муроҷиати маҳбусони тоҷик хабар доранд.
Шиканҷа нисбат ба маҳбусоне сурат мегирифт, ки бо ҷурми "ҷосусӣ" ва "қочоқи маводи мухаддир" зиндонӣ шудаанд.Надежда Атаева
Зафар Раҳматови 50-сола аз шаҳри Конибодом бо ҷурми "убури ғайриқонунии марз" ва "ҷосусӣ" дар Узбекистон ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳашт сол пеш, замоне ки равобити Тоҷикистону Узбекистон ба сардӣ гароида буд, бо ҳадафи тиҷорат марзи кишвари ҳамсояро гузашт, вале бо гуноҳи ҷосусӣ ба зиндон афтод.
Ба қавли Раҳматов, то замони марги Ислом Каримов ва нарм шудани муносибати ду кишвари ҳамсоя, маҳбусони тоҷик асосан дар зиндони низомаш сахти Қароқалпоқистон нигаҳдорӣ ва шиканҷа мешуданд, аммо ду сол пеш ба маҳбаси нисбатан беҳтар, ба Тошканд, интиқол ёфтанд.
"Ҳангоми баррасии парванда гуфтанд, ки гуё барои расонидани сирри ҳарбии Узбекистон ба Тоҷикистон инҷо омадаам. Дар асл, ман барои тиҷорат дувуним кило тилло бурда будам. Мурофиаи додгоҳии ман дар таҳхонаи додгоҳи ҳарбии Узбекистон сурат гирифт ва баъдан маро барои адои ҷазо ба зиндони "Жаслик" дар Қароқалпоқистон фиристоданд", - нақл кард ӯ.
Зафар Раҳматов мегӯяд, ӯ ва зиндониёни дигари тоҷик умед доштанд, бо тағйири ҳукумат дар Узбекистон ва беҳбуди равобит бо Тоҷикистон парвандаҳояшон бозбинӣ мешавад. Вале, афзуд ӯ, бо гузашти чанд сол аз иваз шудани раиси ҷумҳур дар Узбекистон ҳеч дигаргуние дар сарнавишти онҳо дида нашуд.
Маҳбусони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд борҳо ба мақомоти ду кишвар муроҷиат карда, хостори афв ва бозбинии қазияҳои худ шуда буданд, то ҳанӯз ҳеч посух нагирифтаанд. Қузимурод Акрамов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, нақл кард, ки барои ҷустуҷӯйи бародари гумшудааш ба Узбекистон рафт, аммо дар онҷо ӯро ба "ҷосусӣ" ба нафъи Тоҷикистон гунаҳкор карда, ба 17 сол зиндон маҳкум намуданд. Бародари Қузимурод ҳам бо айни ҷурм дар зиндони ин кишвар адои ҷазо мекунад.
"Ин ки гуё ҷониби Тоҷикистон маро барои ҷамъоварии маълумот дар бораи генерали ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба инҷо фиристода бошад, тамоман асос надорад. Ман як одами оддӣ будам ва танҳо барои ҷустуҷӯи бародарам ба инҷо омада, ба ин ҳол афтодам", -- гуфт ӯ.
То ба ҳол мақомоти Узбекистон ба иддао ва дархости маҳбусони тоҷик дар ин кишвар посух надодаанд, вале дар гузашта вуҷуди шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳои ин кишварро тасдиқ кардаанд.
Маҳбусони тоҷик низ мегӯянд, дар солҳои аввали зиндонӣ шудан ҳақ надоштанд, бо забони тоҷикӣ гап зананд. Қузимурод Акрамов мегӯяд, дар ҳашт соли гузашта ҳамагӣ як бор, дар соли 2019, бо ҳамсараш дидор дошт.
Боздошту зиндонӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов зиёд рух додааст. Дар он замон ду кишвар муносибати хуб надоштанд. Каримов соли 2016 даргузашт ва аз он замон то кунун ба ин кишвар Шавкат Мирзиёев раҳбарӣ дорад. Хабарҳо дар бораи афви баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон зоҳиран маҳбусони дигарро ба озодӣ умедвор кардааст.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон гуфтанд, аз ин зиндониён муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ дарёфт карда, алакай машваратҳои худро ҳам додаанд. Як масъули консулгарии Тоҷикистон дар Тошканд, рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳатто ба онҳо пешниҳод карда будем, агар аз ҳукм розӣ нестанд, вакили дифоъ гиранд ва бозбинии парвандаҳояшонро талаб кунанд”.
Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аксари маҳбусони тоҷик дар корхонаҳо ба кор ҷалб шуда, маош мегиранд, вале ӯ теъдоди шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистонро дар Узбекистон нагуфт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо вуҷуди нармӣ дар муносибати ду кишвар ҳанӯз мушкили маҳбусони хориҷӣ дар Узбекистон комилан ҳал ношуда мондааст.
Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, рӯзи 23-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо бо истифода аз фишори созмонҳои байналмилалӣ метавон ба мушкили маҳбусон расидагӣ кард. Ӯ афзуд, “маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳамеша дар зиндонҳои Узбекистон зери фишор қарор мегирифтанд. Ҳоло дастрасӣ надоштани онҳо ба хадамоти тиббӣ ҳам илова шудааст. Мо парвандаҳое доштем, ки нисбат ба маҳбусони тоҷик аз сангинтарин фишору зӯроварӣ истифода шудааст. Шиканҷа нисбат ба он маҳбусоне сурат мегирифт, ки бо ҷурми "ҷосусӣ" ва "қочоқи маводи мухаддир" зиндонӣ шудаанд."
Ба гуфтаи раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди шиканҷа шудани маҳбусон касе ба шикояти онҳо гӯш намедод ва вакилони дифоъ ҳам аз ҳимояи ҳуқуқи онҳо худдорӣ меварзиданд.
Надежда Атаева мегӯяд, ҳоло ҳам шикояти маҳбусон дар Узбекистон ҷиддӣ гирифта намешавад: "Қабули онлайнии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиеев то ҳадде печида аст, ки мардум наметавонанд шикоятҳои худро ба ӯ расонанд. На ҳама шикоятҳо аз сӯи президент баррасӣ мешаванд. Бидуни ин ки баррасӣ шаванд, ба ниҳодҳои дахлдор ирсол мегарданд.”
Маҳбусоне, ки дар замони роҳбарии Ислом Каримов дар Узбекистон бо айбномаҳои, ба гуфтаашон сохта, зиндон шудаанду қурбони муносибатҳои он замон сарди Тоҷикистону Узбекистон шуданд, умедворанд, бо хуб шудани робитаҳои Душанбеву Тошканд, ба ҳақиқат даст ёбанд ва аз зиндон раҳо шаванд.