Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи дипломати зиндонии узбек аз СММ кумак мехоҳанд


Қодирҷон Юсупов, дипломати пешини узбек.
Қодирҷон Юсупов, дипломати пешини узбек.

Наздикони корманди пешини Вазорати умури хориҷии Узбекистон Қодирҷон Юсупови 69-сола, ки бо ҷурми хиёнат ба давлат беш аз 5 сол зиндонӣ шудааст, муроҷиатномаеро ба унвонии Гуруҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона омода доранд.

Ҷеффрӣ Робертсон аз "Queens Council", бунёдгузор ва раҳбари ширкати ҳуқуқии "Doughty Street Chambers", ки бо ҳимояти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ машғул аст, барои хонаводаи Юсупов ба ҳайси мушовир кироя шудааст. Ба гуфтаи Робертсон, ӯ дар ҳоли ҳозир аз номи Юсупов муроҷиатномаеро ба унвонии Гуруҳи кории СММ омода дорад.

Наздикони Юсупов мегӯянд, ӯ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, вале мақомот вайро баъди талоши худкушияш боздошт карда, дар хиёнат ба давлат айбдор намуданд. Кормандони Хадамоти амнияти давлати Узбекистон Юсуповро дар бемористон бозпурсӣ карда, ӯро дар асоси баёноте зиндонӣ кардаанд, ки дар рахти хоб гуфта буд.

Юсупов дар сафорати Узбекистон дар Австрия, Бритониё ва Шарқи Наздик, инчунин намояндаи доимии Узбекистон дар СММ ва САҲА фаъолият кардааст. Вай солҳои 2002-2005 сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвараш низ буд.

Қодирҷон Юсупов, ки солҳои тӯлонӣ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад, 3 декабри соли 2018 талош кард, худро зери чархи қатора партояд. Вай аз ин талоши худкушӣ ҷон ба саломат бурд, аммо захмӣ ва бистарӣ шуд. Дар бистари беморӣ дар ҳолати бехудӣ вай гуфтааст, ки "ҷосуси ғарбӣ" аст. Мақомоти қудратӣ дар асоси ин "изҳорот" зидди вай парванда боз карданд.

Мақомот Юсуповро 9 декабри соли 2018 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурданд. Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" (HRW) моҳи июни соли 2019 аз Тошканди расмӣ даъват карда буд, ки дипломати пешин Қодирҷон Юсуповро фавран аз зиндон раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG