Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон Ашӯровро афв кард, аммо доғи ҷосусиро аз ӯ нагирифт


Саидқул Ашӯров
Саидқул Ашӯров

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Узбекистон бо иттиҳоми ҷосусӣ зиндонӣ аст, ба муассисаи ислоҳиии наздик ба зодгоҳаш - шаҳри Панҷакент интиқол доданд. Ин муассиса аз Панҷакент 45 километр масофа дорад.

  • Саидқул Ашӯрови 54-сола дар намояндагии ширкати англисии “Оксус Голд” дар Узбекистон кор мекард ва моҳи марти соли 2011 бо ҷурми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ ҳафт сол боз дар зиндон аст. Соли гузашта бар асоси қонуни афв чанд сол аз ҳукми зиндони ӯро кам карданд ва низоми боздошташро низ тағйир доданд.
Ҳоло имкон аст, ки ҳар рӯз рафта хабар гирем. Роҳҳо боз аст. Ҳеҷ азоб надорад, аммо аламовар аст, бе далел ҳабс карданд.

Чаҳор сол аз ҳукмаш кам шуд

Пайвандони Саидқул Ашӯров мегӯянд, эҳтимол ӯро ба зудӣ озод кунанд. Мақсуда Рустамова, ҳамсари Саидқул рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси Қонуни афви моҳи декабри соли гузашта чаҳор сол аз ҳукми зиндони шавҳараш кам шуд ва мумкин аст, ӯ то охири моҳи октябр озод шавад.

Мақсуда Рустамова, ҳамсари Саидқул гуфт, бо дархости шавҳараш ӯро аз зиндони вилояти Навоӣ ба муассисаи ислоҳии ноҳияи Ҷонбойи вилояти Самарқанд, ки аз Панҷакент то он ҷу ду соат роҳ аст, интиқол доданд. Дар ин муассиса ба гуфтаи Мақсуда, шавҳараш озодона кору гаштугузор мекунад ва танҳо ҳаққи аз он ҷо берун шудан надорад.

Яке аз зиндонҳо дар Узбекистон
Яке аз зиндонҳо дар Узбекистон

“Ҳоло имкон аст, ки ҳар рӯз рафта хабар гирем. Роҳҳо боз аст. Ҳеҷ азоб надорад, вале аламовараш ин буд, ки ӯро бе далел ҳабс карданд. Умедамон ба ин аст, ки ӯро зудтар озод мекунанд. Аз рӯйи қоида, вақте ба муассисаи ислоҳӣ мегузаронанд, бояд дар ду-се моҳ озод кунанд. Аз рӯйи ҳамин умед дорем, ки дар ҳамин моҳ ё ноябр бояд озод шавад”, - гуфт Мақсуда Рустамова.

Сирри "флешдиск"

Саидқул Ашӯров замоне боздошт шуд, ки муносибати Узбекистон бо Тоҷикистон сард буд. Он замон пайвандонаш шикоят мекарданд, ки ба сахтӣ соле танҳо як бор ҳаққи дидор бо ӯро доранд. Дар ду соли ахир пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, муносибатҳои ду кишвар хуб шуд ва моҳи март барои шаҳрвандони ду кишвар иҷозаи сафари якмоҳаи бидуни виза дода шуд. Бархе пайвандони тоҷикистониҳои зиндонӣ дар Узбекистон, ки аксарашон барои қочоқи маводи мухаддир ваё убури ғайриқонунии марз ҳукм гирифтаанд, дар як соли охир афв шуда ваё ҳукми сабуктар гирифтаанд.

Саидқул Ашӯров, муҳандиси тоҷик, ки замони боздошт 46 сол дошт, дар ширкати "Оксус Голд" кор мекард. Ин ширкат 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Узбекистону Бритониё - “Конҳои тиллои Амонтайтау”-ро дар даст дошт.

Саидқул Ашӯров ҳафт соли пеш боздошт шуд ва маъмурони амнияти Узбакистон, аз Саидқул Ашӯров “флешдиске” гирифтаанд, ки ба иддаои онҳо, дар он иттилооти махфӣ дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амонтайтауи ноҳияи Навоии Узбекистон ҳифз шуда буд. Пайвандон ва ин ширкат ҷосус будани Саидқулро рад карданд. Онҳо гуфтанд, Саидқул иттилоеро дар "флешдиск" дошт, ки ҳар нафар онро метавонист дар интернет пайдо кунад.

Дидори бе мушкил, пас аз муносиабти хуби Душанбеву Тошканд

Ин шаҳрванди Тоҷикистон иттиҳомро дар додгоҳ эътироф накард. Мақсуда Рустамова, ҳамсари Саидқул мегӯяд, бо вуҷуди афв ҳукми ҷосусӣ нисбат ба шавҳараш бетағйир боқӣ мондааст.

Қаблан, пайвандони ин мард шикоят мекарданд, ки аз аҳволи бародарашон дар зиндон огоҳ шуда наметавонанд. Аммо Мақсуда Рустамова, ҳамсари ӯ гуфт, пас аз хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбекистон бемамониат бо ӯ дидор мекунанд.

Соли гузашта Облоқул Ризоев, бародари Саидқул Ашӯров ба президенти Узбекистон барои афви бародараш мактуб навишта хоста буд, ки ӯро озод кунанд. Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов рух дод. Дар даврони Каримов ин дукишвар муносибати хуб надоштанд.

То ду соли пеш аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон хабарҳо нашр мешуд. Дар аҳди Ислом Каримов, чандин нафар аз сокинони Узбекистонро ба ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам карда ва ба зиндон андохтаанд. Аммо баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, дар соли 2016 ин гуна гузоришу хабарҳо дигар мушоҳида намешаванд.

XS
SM
MD
LG