Шумо тарафдор ҳастед, ки имлои тоҷики тағйир диҳанд, масалан ҳарфҳои русӣ ба мисли "ц"-ро баргардонанд, ё "ӯ"-и дарозро бардоранд? Кумитаи забон чанде пеш хабар дод, ки ба зудӣ Қонуни имло иваз мешавад ва тағйироте дар навишти калимаҳо пеш меояд. Баҳси зиёде дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад ва ҳоло мебинем, ки мардум онҷо чӣ мегӯянд.
Аз шарҳи як корбаре оғоз мекунем, ки мухолифи тағйири имло ва ё тарзи навишт дар забони тоҷикӣ будааст ва онро харҷи беҳуда ва зоеъ кардани пули мардум мешуморад. Ин корбар худро Сино муаррифӣ карда ва чунин навиштааст:
"Қоидаҳои навро мебароранд, баъд харҷ мекунанд, тамоми китобҳо, ҳуҷҷагузорӣ ва санадҳоро нав мекунанд. Зиён ва зарар ба давлат ва мардуми Тоҷикистон. Раҳмат ба ҳукумати Тоҷикистон, шумо дигар кор надоред. Наход ҳар 5-10 сол як бор қоидаҳои забонро нав кунед. Беҳтар мебуд, дар муддати 30 сол як бор иваз мекардед, вале бо самар иваз мекардед".
Теъдоде аз корбарони дигар ҳам дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Инстаграмм" навиштаанд, ки тағйири имло ё қоидаҳои навишти забони тоҷикӣ кори муҳим нест ва бояд мушкилоти дигари ҷиддии мардумро ҳал кунанд. Аз ҷумлаи онҳо корбаре бо номи "Ҳаштоду ҳашт ҳаштоду чор эс эйч сифр як" аст, ки назарашро мехонем:
"Ҳалли мушкилоти мардум дар имлои забони тоҷикӣ будааст? Як бор дар бораи ҷойҳои корӣ фикр кунед. Як бор фикри як миллион муҳоҷирро кунед?? Дар 20 сол чаҳор бор имло иваз кардед? Як бор ба манфиати муҳоҷирони корӣ пешниҳоди хуб кардед?"
Чанде аз корбарони дигар дар саҳифаи Радиои Озодӣ навиштаанд, онҳое, ки қоидаҳои навишт, ё ҳарфу имлоро иваз мекунанд, ҳадафашон манофеи кишварҳои дигар аст. Ин корбар худро "Бесавод" муаррифӣ карда ва чунин шарҳеро зери гузориш дар бораи эҳтимоли тағйири имлои забони тоҷикӣ дар вебсайти мо гузоштааст:
"Ҳукуматдорони мо ҳамааш тарафи Русия майл доранд. Имсол щ ва ц -ро ба алифбо бармегардонанд, соли дигар "аломати ҷудоӣ"-ро бармегардонанд ба калимаҳои дарёву дунё изофа мекунанд. Се сол пас як уезди Русия ва тобеи кишвари Краснодарск мешавем".
Гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, аз ин ҳама тағйир додани қоидаҳои навишту имлои забони тоҷикӣ ва овардани "ц" ва аз байн бурдани "ӯ" беҳтар аст, дар Тоҷикистон якбора ба хати ниёгон гузаранд, то мушкилот ба якборагӣ тамом шавад. Корбаре бо номи "Порсо" аз ҷумлаи тарафдорони хати ниёгон аст, ки шарҳи дарозеро ба мо фиристодааст.
Порсо менависад "Иддае бехабар барои тарсонидани мардум мегӯянд, ки барои гузаштан ба хати форсӣ бояд аз нигоҳи иқтисодӣ ва равонӣ тайёр бошем. Барои гузаштан ба хатти форсӣ як пули ночиз даркор аст. Фақат интернет доштан кофист. Ман шахсан 30 сол пеш ба хатти форсӣ гузаштаам ва ҳар рӯз бо ин хат мехонаму менависам. Ин хатти ниёкони мо аст, ки 1400 сол ба он навиштанду хонданд".
Корбаре дигаре, ки худро "Забондон" муаррифӣ кард, гуфтааст, ҳоло фурсати тағйири қоидаҳои навишту имло нест, баръакс замони он расидааст, ки мушкили бузургтарро ҳал кунанд ва он ҳам набуди суҳбат бо забони адабӣ, ки ҳоло лаҳҷаҳо ҷойи онро танг кардаанд.
Шарҳи Забондон чунин аст: “Беҳтар буд ба ҷойи тағйири имло, гуфтугу бо забони адабиро ташвиқ мекардед, ки дигар мардум "вай вай, "чову ко", "чошид пошид" намегуфт ва дуруст гап мезад. Баъд имлоро ҳам метавонистем иваз кунем ё хати форсиро ҳам дар паҳлуяш меомухтем. Он вақт ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид".
Шумо чӣ мегӯед. Нависед, ё дар видео сабт кунеду тариқи Вотсаппу Вайберу Телеграму Иморо ба мо фиристед. Дар вебсайти Радиои Озодӣ илова бар хабарҳои тоза ҷойи ирсоли видео низ ҳаст.