Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Раҳимзода гуфт, зарурате барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ нест


Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.
Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан зарурате намебинад, ки рутбаҳои низомӣ дигар карда шаванд. Изҳори назари Раҳимзода баъд аз он садо медиҳад, ки масъулини Кумитаи забон гуфтанд, гузина (вариант)-и тоҷикии рутбаҳои низомиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст.

Рамазон Раҳимзода рӯзи 19-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, дар шароити буҳрони иқтисодӣ, иваз кардани номи рутбаҳои низомӣ сарфи зиёдатиро талаб мекунад. Ба ин хотир вазири корҳои дохилӣ гуфт, "дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омӯзем, мумкин аст".

Масъулини Кумитаи забон рӯзи 17-уми феврал гуфтанд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли "Генерали артиш -- Артишсолор", "полковник -- сарҳанг" ва "подполковник -- сарҳангёр"-ро барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки баррасии ин кор то кай дар ҳукумат идома мекунад.

Масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ борҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс шудааст. Бархе аз генералҳо ҳам гуфта буданд, ба тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ зарур нест. Мақомоти Вазорати дифоъ соли 2018 дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи забон навиштанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ "истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба тарҷумаи онҳо нест".

XS
SM
MD
LG