Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2020 тоҷикон ба Русия чор баробар камтар сафар кардаанд


12 феврали соли 2021, фурудгоҳи Екатеринбург
12 феврали соли 2021, фурудгоҳи Екатеринбург

Хадамоти марзбонии ФСБ мегӯяд, соли гузашта шумораи умумии хориҷиёни воридшуда ба Русия наздики 68 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст. Ба қавли манбаъ, соли 2020 ба Русия 9 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд, ки бештарашон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд. Аксари сафари шаҳрвандони хориҷӣ дар семоҳи аввал сурат гирифтааст. Тибқи омори пешниҳодӣ, танҳо 336 ҳазор нафар аз хориҷиён ба Русия бо ҳадафи саёҳат рафтаанд, ки нисабти соли 2019 - 93 фоиз камтар мебошад. Аз Тоҷикистон дар ин давра ба Русия 401 ҳазору 800 нафар сафар намудаанд. Бар пояи маълумоти Вазорати меҳнати Русия, аз ин миён ҳудуди 130 ҳазор нафарашон бо ҳадафи кор озими он кишвар шудаанд. Омори Хадамоти марзбонии ФСБ нишон медиҳад, ки соли 2019 ба Русия 1 миллиону 570 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба ҳамин тартиб, дар замони пандемияи коронавирус сафари тоҷикон ба Русия тақрибан 4 маротиба кам шудааст.

XS
SM
MD
LG