Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, муштариёни танфурӯшонро ҷазо диҳанд. ВИДЕО


Кумитаи кор бо занон "муҷозоти муштариёни танфурӯшон"-ро пешниҳод кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "мардон ба унвони муштарӣ дар амали танфурӯшии занон гунаҳкор мебошанд". Пешниҳоди мазкур дар тарҳи ислоИн аст, ки ба гуфтаи ӯ, аз ин тарҳ барои сангин кардани ҷазо пуштибонӣ менамояд.

Дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, ки ин тарҳи қонун ҳамакнун дар баррасии вакилони порлумон аст ва бинобар ҳамин, аз шарҳи бештари муҷозоти дарназаргирифташуда худдорӣ мекунад.

Раиси Кумитаи занон ҳамчунин дар бораи тарҳи ислоҳшудаи Қонуни оила суҳбат кард, ки ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои "даллаҳо" ва соҳибони фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила ба ин боваранд, ки талоши маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ метавонад, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонунро рӯзи 11-уми январ баррасӣ кард ва интизор меравад, вакилон дар ояндаи наздик онро тасвиб кунанд. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, муаллифони тарҳи ислоҳ ба Кодекси оила вакилони порлумон мебошанд ва ин ниҳод ба ин тарҳ пешниҳодҳое кардааст.

"Ҷойи кор пешниҳод кардем, даст кашиданд"

"Дар рейдҳо мо ба гурӯҳи занҳо сӯҳбат кардем. Вақте ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардем то аз ин кор даст кашанд, дар посух гуфтанд, ки розӣ нестанд ва ин маблағи пешниҳодшударо дар як рӯз пайдо мекунанд",- гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила. Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари ин ниҳод бо нигаронӣ гуфт, тибқи мушоҳидаи онҳо дар рейдҳо, синни заноне, ки даст ба танфурӯшӣ мезананд, хеле ҷавонтар шудааст.

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот мегӯянд, аз роҳи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гуруҳ ишора мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, маҳрум кардани касе аз ҳақи падариву модарӣ бояд асоснок карда шавад.

Баъзе аз равоншиносону ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки решаҳои амале ба мисли танфурӯшӣ ба муҳити хонаводагӣ, солимии оилаҳо ва сатҳи фарҳангу тарбияи занон низ рабт дорад. Равоншинос Мадина Эргашова, рӯзи 17-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт,” як сабаби даст задани занҳо ба чунин кор ин аст, ки бештари онҳо аз оилаҳои носолиманд.”

Эргашова афзуд, тарҳи қонун, ки ҷазои сахттаро пешбинӣ мекунад, паҳлуҳои мусбату манфие дорад, ки сари он бояд таваҷҷӯҳи бештар шавад. Ин равоншинос таъкид кард, ки муҷозот нисбати муштариёни танфурӯш қобили қабул аст, вале ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳо мушкилиҳои наверо ба миён гузошта, аз нигоҳи ӯ қобили қабул нест.

"Барои ҳар кӯдак модараш фаришта аст"

“Ин кор дуруст нест, зеро барои ҳар кӯдак модараш фаришта аст ва аксари онҳо намедонанд модаронашон ба чӣ корҳо машғуланд, дар сурати қабули ин тарҳ, агар масъалаи маҳрум намудани аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ ба миён гузошта шавад, мушкили нав, яъне ятимон зиёд мешаванд, ин як зарбаи сахт ба кӯдакон мешавад. Агар падар надошта бошанд, боз аз модар ҷудо шуда, ятими кул мешаванд, дурӣ аз падару модар ба ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад”-афзуд, ӯ.

Талоши тағйирот ба Кодекси оила ва сахттар кардани ҷазо дар ҳолест, ки дар гузашта баъзе аз занҳои танфурӯш борҳо таъкид намудаанд, ба ҷои муҷозот беҳтар аст мақомот дар фикри ба кору маоши муносиб таъмин кардани онҳо шаванд.

Аз ҷумла, Заринаи 21-сола, модари ду фарзанд, ки ба қавли худаш ҳанӯз аз 16-солагӣ вориди кӯчаи танфурӯшӣ шуд, дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷойи кор ташкил кунанд. Пули хона медиҳем, пули кӯдакон. Мо аз куҷо пул меёбем?

Аз пешниҳоди омори расмии занҳои танфурӯш мақомот худдорӣ мекунад. Қаблан манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Аммо мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ин омор розӣ нестанд. Дар ин ниҳод мегӯянд, бинобар таҳлили онҳо, шумораи занони танфурӯш дар Тоҷикистон ба маротиб камтар аз оморест, ки Вазорати умури дохилӣ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG