Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон сахттар шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанд тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ба иҷро даромад, ки мувофиқи он ҷарима барои танфурӯшӣ низ боло бурда шудааст. Қаблан ҳомиёни ҳуқуқ гуфта буданд, сахттар кардани ҷазо барои танфурӯшӣ дар Тоҷикистон шароити зиндагии занону духтарони машғули ин корро бадтар мекунад.

Бар асоси моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ин ба баъд барои "машғул шудан ба фоҳишагӣ" аз 1100 сомонӣ то 1650 сомонӣ ҷарима мекунанд. Тибқи ин банди қонун "агар шахс дар давоми сол бори дувум ин кирдорро содир кунад", аз 1650 то 2750 сомонӣ ҷарима ва ё 15 шабонарӯз ҳабс хоҳад шуд.

Қаблан ҷарима барои танфурӯшӣ аз 550 то 1100 сомонӣ буд.

Бори охир Тоҷикистон соли 2015 ҷарима барои танфурӯширо боло бурда буд. Он вақт порлумони Тоҷикистон бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шадидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон танфурӯшӣ ва ё фоҳишагӣ ҷиноят ба ҳисоб намераванд, вале ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима ва дар ҳолати такроран содир кардани ин кирдор то 15 шабонарӯз ҳабсро дар пай доранд.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Аммо мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо ин омор розӣ нестанд. Дар ин кумита дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, бинобар таҳлили онҳо, шумораи занони танфурӯш дар Тоҷикистон ба маротиб камтар аз оморест, ки Вазорати умури дохилӣ пешниҳод кардааст.

Дар Тоҷикистон муҷозот барои танфурӯшӣ сахттар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Бо вуҷуди он ки Вазорати корҳои дохилӣ пайваста аз боздошти занони сабукпо ва муштариёни онҳо хабар медиҳад, моҳи июли имсол навори таҷрибавӣ дар мавриди кору зиндагии занони сабукпоро "ғайриахлоқӣ" хонд.

Мақомот чаҳор ҷавонеро, ки дар сабту нашри он иштирок кардаанд, ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам намуданд. Ҳарчанд ба қавли блогерҳои тоҷик, онҳо фақат мехостанд воқеиятро бигӯянд ва ҷинояте содир накардаанд.

Дар гузашта баъзе аз занони муттаҳам ба танфурӯшӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки аз ночорӣ ва бекорӣ рӯ ба танфурӯшӣ овардаанд. Яке аз онҳо гуфта буд, ки "бисёриҳо танфурӯширо роҳи осони пулёбӣ медонанд, дар асл чунин нест ва мушкилу хатарҳои худро дорад".

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, барои занони танфурӯш барномаи вижа надоранд, аммо дар вохӯриҳое, ки бо танфурӯшон доир мешавад, барои онҳо ҷойи кор ё имконияти касбомӯзӣ пешниҳод мешавад. Вале гуфта нашудааст, ки барои мисол чӣ қадар аз чунин занон соҳиби кор ва маоши муносиб дар корхонаҳо шудаанд.

Видеоҳо аз бойгонӣ:

Вокуниши танфурӯшон нисбати шадидтар шудани ҷазо нисбати онҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:13 0:00

Пажӯҳиш дар байни 400 танфурӯш дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

XS
SM
MD
LG