Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 43 зан бо гумони танфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода


Мақомот дар шаҳри Турсунзода, ғарби Душанбе 43 занро бо гумони машғул шудан ба танфурӯшӣ боздошт кардаанд.

Нашрияи «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навиштааст, ки моҳи сентябр чор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони пулис дар шаҳри Турсунзода амалиёти «Ахлоқ» гузарониданд.

Ба навиштаи нашрия, занҳое, ки дар марказҳои дилхушӣ ва дискоклубҳои ин шаҳр ба танфурӯшӣ машғул буданд, боздошт ва ба ташхиси тиббӣ ҷалб шуданд.

Натиҷаи ташхис маълум кардааст, ки ду тан аз ин занҳо гирифтори бемории хатарноки сироятӣ будаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки изи дасти занҳоро гирифта, онҳоро ҷарима кардааст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамеша аз кори кормандони ВКД нисбат ба занҳое, ки бо гумони танфурушӣ боздошт мешаванд, интиқод мекунанд.

Аз ҷумла, созмони «Шабакаи Шоҳ Оим», ки вазъи занони танфурӯш дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро таҳқиқ мекунад, дар як гузориш дар соли 2018 ба Созмони Миллали Муттаҳид аз таҳқиру шиканҷаи танфурушон маълумот дода буд.

Дар ин гузориш омадааст: “Маъмурони милиса ҳангоми боздошти танфурӯшон бо ваъдаи онки онҳоро ба идораи милиса намебаранд, аз онҳо ошкор пул меситонанд. Дар баъзе маврид, маъмурони милиса аз баъзе танфурӯшон пайваста пул мегиранд ва ҳангоми амалиёти боздошт ба онҳо намерасанд”.

Бар асоси тағйири ахир дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷарима барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ду баробар бештар шудааст. Агар қаблан барои ин кор аз 550 то 1100 сомонӣ ҷарима пешбинӣ мешуд, ҳоло ҷарима то 1650 сомонист. Барои такрори ин амал аз 1650 то 2750 сомонӣ ҷарима ва ё 15 шабонарӯз ҳабс муқаррар шудааст.

Бино ба иттилои манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳудуди шаш ҳазор зан ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт шудаанд. Аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Шаҳри Турсунзода, ки ахиран гурӯҳе аз занҳо бо гумони танфурӯшӣ он ҷо боздошт шуданд, яке аз шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, дар 60 километрии Душанбе қарор дорад.

XS
SM
MD
LG