Мақомоти тоҷик мегӯянд соли гузашта бори нахуст дар сӣ соли истиқлолият тавозуни содироту воридоти саноатӣ ба суди Тоҷикистон шуда, содирот панҷ дар сад афзудааст. Содироти бештари маодини кӯҳиву маҳсулоти сохтмонӣ дар ин амр нақши калидӣ доштааст. Аммо, соҳибназарон мегӯянд, ки фурӯши тиллои истихроҷшуда ҳаҷми содироти саноатии кишварро бештар кардааст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 16-уми феврал гуфт, ки саноати кишвар дар соли гузашта тақрибан 10 дарсад афзоиш карда, нисбат ба як соли пеш ба маблағи се миллиарду 550 миллион сомонӣ бештар маҳсулот тавлид шудааст. Ба гуфтаи вазир, соли гузашта таносуби воридоту содироти маҳсулоти саноатӣ низ ба фоидаи содирот шудааст.
«Яъне, агар соли 2019 ҳамагӣ 26 фоиз содирот мекардему 74 фоиз воридот, соли гузашта ин нишондод панҷ фоиз мусбӣ гашт, ин нишондоди хуб аст, яъне содироти мо 31 фоизро дар бар гирифт ва воридоти мо 69 фоиз»-- иброз дошт ӯ.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид дошт, ки чунин нишондод бори аввал дар сӣ соли ахир ба даст омадааст. Шералӣ Кабир афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатиро ба бештар шудани ҳиссаи содироти маҳсулоти ғизоӣ ва фурӯши тилло ва маъданҳои кӯҳӣ марбут донист. Вай афзуд, дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи фулузоти қимматбаҳо ба таври чашмрас боло рафт ва Тоҷикистон фурӯши миқдоре аз захираҳои тиллову нуқраро зарур донист. Зеро, ба гуфтаи Шералӣ Кабир, «бояд аз шароити муносиб истифода кард ва агар нархҳо пойин рафтанд, фурӯши ин фулузот бар зарар мешавад».
Иқтисоддонҳои тоҷик афзоиши тавозуни воридоту содироти саноатиро ба беҳбуди фазои макроиқтисодии кишвар марбут медонанд. Умед Давлатов, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин фаъолияти бахши саноати кишвар пешбинишаванда буд, зеро солҳои ахир мақомоти кишвар ба ин бахши иқтисод таваҷҷӯҳи бештар доштанд.
Давлатов мегӯяд, «дар баробари молҳои саноатӣ ва сангҳои қимматбаҳо, маҳсулоти кивошварзии Тоҷикистон ҳам ҷойгоҳи худро дар минтақа пайдо кардааст. Аз қабили меваҳои хушк, ангуру, меваву сабзавот, яъне сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Ин бастагӣ дорад ба ҳаҷми истеҳсоли дохилии мо”.
Аммо ақидаи дигаре низ садо медиҳад, ки афзоиши ҳаҷми содирот аз ҳисоби маҳсулоти коркарднашуда ва хом бар зиён буда, маънии аз даст додани даромадҳои бештареро медиҳад. Пайрав Чоршанбиев, таҳлилгари иқтисодӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳамчунон интизори сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаҳо ҳаст ва ночор ашёи хомро арзон ба хориҷа мефурӯшад:
Чоршанбиев афзуд, “ҳатто агар тилло бошад, мо онро дар шакли хишти тилло мефурӯшем, маҳсулоти ниҳоӣ намебарорем. Ширкатҳое ба мисли «Ақиқа» ҷавоҳирот тиллоӣ тавлид мекунанд. Лекин вай аз ҳаҷми умумии истеҳсол 2-3 дарсад аст. Эҳтимол аз ҳар соҳа як чӣ ним чӣ, ки ба хориҷа мебароранд. Вале, асосан маҳсулотро дар шакли хом содир мекунанд».
Тоҷикистон чанд соли ахир бо содироти бархе аз маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент ва гаҷкартон, талош дорад ба кишвари содиркунанда табдил шавад. Ин мол дар кишварҳои ҳамсояи Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон харидори зиёд пайдо кард. Вале орзуи содироти маҳсулоти бештари ниҳоӣ ҳанӯз иҷронашуда боқӣ мондааст.