Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарде, ки Шӯравиро аз пой даровард


15-уми феврал расман рӯзи хуруҷи охирин сарбози Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар 22 соли пеш аст.

Дар ин рӯз дар соли 1989 фармондеҳи артиши чиҳилуми Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Громов аз пули "Дӯстӣ"-и рӯи рӯдхонаи Омӯ гузашт ва гуфт, дигар дар паси ӯ як сарбози шӯравӣ ҳам намондааст. Ҷанги тӯлонии Шуравӣ дар Афғонистон баъди 10 сол бо фирори шармандавор анҷом ёфт.

Михаил Горбачев амри хориҷ шудани нирӯҳо аз Афғонистонро соли 1985 содир кард. Аммо хуруҷи воқеӣ чаҳор сол баъд оғоз ёфт.

Дар 22 соли баъдӣ, сарнавишти ду кишвари Шӯравӣ ва Афғонистон ба шаклҳои хос пеш рафт. Дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам фурӯ рехта, ба ҷои он 15 давлати мустақил ба вуҷуд омад ва соле баъд ҳукумати президент Наҷибуллоҳ дар Афғонистон суқут карда, дар ин ҷо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, оқибат ҷумбиши Толибонро ба саҳна овард. Ал-Қоида, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфт, масъули ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дониста шуд ва соли 2001 нерӯҳои таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро ишғол ва Толибонро сарнагун карданд.

Дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон 1 миллион нафар афғон кушта, зиёда аз 1 миллион нафари дигар захмӣ ва наздик ба 4 миллион нафар паноҳанда шуданд. Маскав хисороти ҷонии артиши худро бештар аз 13 ҳазор кушта эълон кард. Ин дар ҳолест, ки аксари собиқадорони ҷанги Афғонистон хисороти ҷониро хеле болотар мешуморанд.

Собиқадори ҷанги Афғонистон, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Виталий Бурков, мегӯяд, агар нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ намешуданд, шояд ин кишвар имрӯз ба чунин вазъе намеафтод. Вале оё имкон дошт, ки ин нерӯҳо дар Афғонистон боқӣ бимонанд ва пас хуруҷи онҳо иштибоҳ буд?

Посухи Бурков: "Хуб, чӣ бигӯям. Набаровардани нерӯҳо иштибоҳ буд мегӯянд, ин нодуруст аст. Нерӯҳои ягон абарқудрат дар кишвари дигар абадан боқӣ монда наметавонанд. Дер ё зуд нерӯҳо бароварда мешаванд."

Виталий Бурков, аз афсаронест, ки бо дархости худ ба Афғонистон рафт ва дар инфиҷоре аз ду пои худ маҳрум гашт. Замоне дархостномаи ирсол ба ҷангро навишт, ки аз Афғонистон ҷасади падарашро оварданд.

"Мо ба он кишвар мисли қаҳрамон ва нирӯҳои озодибахш ворид шудем, вале аз он ҷо мисли ғосиб бадар омадем. Касе дар он ҷо ба кӯмаки мо ниёз надошт ва мо нафаҳмидем, ки барои чӣ ҷангидем".

Аммо бо вуҷуди эҳсоси мағлубият, ки русҳо аз ҷанги Афғонистон доранд, таърихшиноси низомии Амрико Лестер Грау мегӯяд, талошҳои Маскав дар Афғонистон қариб муваффақ буд.

"Қазовати ман ин аст, ки онҳо тақрибан муваффақ буданд. Наздик буд, камари муҷоҳидинро бишкананд. Аммо онҳо ба пирӯзии комил нарасиданд. Албатта суол ин аст: "Дар ҷанги чирикӣ кӣ ғолиб омадааст, ки инҳо меомаданд?"

Вазъи имрӯзаи Афғонистон бисёриҳоро ба андешае мебарад, ки таърих дар ин кишвар аз нав такрор мешавад. Руслан Аушев, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз фармондеҳони нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон дар миёнаи солҳои 80-ум ба ин назар аст, ки имрӯз Амрико ва Ғарб набояд иштибоҳҳои 22 сол пешро такрор кунанд. "Мушкилро, танҳо бо нерӯ ҳал кардан номумкин аст ва 70 000 сарбози Амрикову НАТО имрӯз дар хидмати ҳамин иштибоҳи сиёсиянд."

Бурҳониддин Раббонӣ, аз раҳбарони муҷоҳиддини зидди шӯравӣ дар Афғонистон
Таърихшинос Грау аз стартегияи хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ситоиш мекунад, ки аз баракати кӯмакҳои бебаркаш ҳуқумати қавиеро дар ин кишвар бар ҷой гузошт. Ин кӯмакҳо барои худи Шӯравӣ бо қиммати гарон анҷом шуд. Баъди ду сол империяи Шӯравӣ фурӯ рехт.

Хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон роҳро барои ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар боз кард ва он зербиноеро, ки дар ин кишвар ба мерос гузошта буд, ҳамаро бар бод дод ва бадтар аз ҳама Толибонро рӯи саҳна овард.

Валерий Востротин ва собиқадорони дигари Афғонистон мегӯянд, "Амрикоро дар Афғонистон сарнавишти Иттиҳоди Шӯравӣ интизор аст. Аммо бо вуҷуди умумиятҳои зиёд боз ҳам ин ҷанг аз бунёд дигар аст. Амрикову НАТО дар Афғонистон артиши тамриндида ва муҷаҳҳаз доранд ва афғонҳо аз талошҳои ҷаҳонӣ барои бунёди Давлати Афғонистон пуштибонӣ мекунанд."

Аз сӯи дигар ба эътиқоди коршиноси низомии рус, Александр Голтс, шикасти Шӯравӣ нишон дод, ки ҳамагуна талоши таҳмили тафаккури ғайр дар ин кишвар ба нокомӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бино ба пешгӯии коршинос Голтс, хуруҷи ояндаи Амрико аз Афғонистон амнияти Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаро ба ҳам мезанад ва эътимоди ҷангиёни исломиро ба шиксатнопазир будани ҷаҳони онҳо бештар мекунад. "Чизе, ки шавад ё нашавад, Афғонистон ҳадафи дастнорас боқӣ хоҳад монд"- мегӯяд коршиноси низомӣ Александр Голтс.
XS
SM
MD
LG