Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарахту ҷангалбурӣ дар Тоҷикистон кам шудааст, вале...


Ҳезум сӯзишвории асосӣ дар деҳоти Тоҷикистон аст.
Ҳезум сӯзишвории асосӣ дар деҳоти Тоҷикистон аст.

Оҷонсии ҷангали Тоҷикистон гуфт, соли гузашта тақрибан 800 мавриди ҷангал ва ё дарахтбурии ғайриқонуниро ошкор кардааст ва мардум асосан барои ҷамъоварии ҳезум ба ин кор даст задаанд.

Раҳбарони оҷонсӣ рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки соли 2020 1660 мавриди қонуншиканиро дар соҳаи кори худро сабт карданд ва тақрибан нисфи он буридани ғайриқонунии буттаву дарахтон ва ё ҷангалзор будааст.

Сокинони баъзе аз маҳаллаҳои Тоҷикистон мегӯянд, зимистони сард ва қатъи нерӯи барқ онҳоро маҷбур сохтааст, дарахтони гирду атрофро бурида, ҳезум кунанд. Маҳви ҷангалзорҳо, ки дар Тоҷикистон бисёр кам аст, дар гузашта ҳам бисёр аз забони мақомоту табиатшиносон садо додааст, вале мушкил то ҳанӯз роҳи ҳал наёфтааст.

Давлаталӣ Шарипов, масъули Оҷонсии ҷангали Тоҷикистон ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои пешгирӣ аз буридани дарахтон миёни сокинон аҳамияти ҷангалзору дарахтонро мефаҳмонанд ва ин кор дар байни онҳо соли гузашта андаке кам шудааст: “Новобаста аз пешбурди корҳо, мутаассифона чунин ҳолат ҳанӯз ҷой дорад, гарчанде нисбат ба соли гузашта 27 ҳолат кам шудааст”.

Дигар чӣ кор кунем

Чинигул, як сокини ноҳияи Шамсуддин Шоҳин мегӯяд, дар деҳот ҳезум сӯзишвории асосист, ки бо он хона гарм мекунанду хӯрок мепазанд. Ӯ ки аз хонаводаҳои камбизоат аст, мегӯяд: “Нархи ангиштро бинед, чӣ қадар гарон шуд, вақте барқро қатъ мекунанд, агар ҳезум истифода набарем, дигар чӣ кор кунем?”

Тибқи иттилои расмӣ, фақат 1 миллиону 300 ҳазор гектар замини Тоҷикистон буттаву ҷангалзор аст. Давлаталӣ Шарипов, масъули Оҷонсии ҷангали Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин масоҳат бештар аз 422 ҳазор гектараш замини ҷангалпӯш аст, ки фақат 3 дар сади қаламрави кишварро ташкил медиҳад. Ӯ афзуд: “Ҷангалпӯш яъне замине, ки бо дарахту буттаҳо пушонида шудааст, ки сирф ҷангал аст, боз заминҳои чарогоҳу пиряху сангу ҷару нишеб ва зери обу партовгоҳ низ ҳаст, дар заминҳои ҷангал.”

Ӯ афзуд, барқарор кардани ҷангалзор як кори саҳлу соддае нест ва на камтар аз 10 сол лозим аст, ки як порча замини хушку холии Тоҷикистон замини сарсабзу муҳите барои паррандаву ҷонварон шавад. Давлаталӣ Шарипов гуфт: “Солона дар 1700 то 2000 гектар замин бунёду барқароркунии ҷангал сурат мегирад, лекин барои он ки ин майдонҳо, ҷангалзор шаванд, 10-15 cол вақт лозим аст.”

Ҷангалро, ки буриданд, табиатро "азоб медиҳанд"

Ба коҳиши масоҳати ҷангалзорҳои Тоҷикистон буҳрони энержии даҳсолаҳои ахир, дарахтбурӣ барои ҳезум ва ҳамчунин гармоиши курраи Замин таъсир гузоштааст. Баъзе мутахассисон бар ин назаранд, ки афзоиши саршумори чорво ва нодуруст истифода бурдани чарогоҳҳо боиси кам шудани ҷангалзорҳо, танг шудани муҳити сукунати ҷонварону паррандаҳо ва аз байн рафтани гиёҳҳои нодир низ шудааст.

Ба қавли Алихон Латифӣ, экологӣ тоҷик, дарахтбурӣ ва маҳви ҷангалзорҳо барои олами ҳайвоноти Тоҷикистон оқибатҳои бисёр бад дорад. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте дарахтро мебуранд, борони сел хокашро мешӯяд ва дар он ҷо ягон растанӣ намерӯяд. Дигар ин ки буридани дарахтон ба ҳавои атроф таъсири бад мегузорад ва баъдан ҷангал ин як муҳити зист барои бисёр намуди ҳайвонот аст, агар ҷангал нест шавад, онҳо низ нест мешаванд”.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи табиатшиносон тақрибан 5000 навъи рустаниҳо вуҷуд дорад, ки бисёре аз онҳо дар заминҳои нимаҷангалзору буттазорҳо ҳастанд. Маҳви ҳамин ҷангалзорҳои пароканда, ба мисли чаҳормағзу, писта ва дигар дарахтон сабаби комилан аз байн рафтани баъзе аз рустаниҳову табоҳ шудани заминҳо дар кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG