Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузи камхӯр, вале бузургу сергӯшт. Ҳосили таҷрибаи як сокини Ванҷ. ВИДЕО


Як сокини ноҳияи Ванҷ бузи кӯҳии сибириро бо бузҳои маҳаллӣ дурага кардааст ва мегӯяд, аз ду ҷуфти гуногун навъи дигари буз ҳосил шудааст. Бузи ҳоло беноми ӯ то 100 килограм вазн дорад ва як баробар вазнинтар аз бузҳои оддӣ аст, ки дар Тоҷикистон мепарваранд.

Ба қавли Ҳаким Роҳатов, сокини деҳаи Арнавади Ванҷ як тасодуф сабаб шуд, ки бузи маҳаллиро бо бузи ваҳшӣ ҷуфт кунад. Ӯ 7 сол пеш дар баландкӯҳе бузғолаи наринаи сибириро пайдо кардааст, ки роҳ рафта наметавонист. Ҳаким Роҳатов мегӯяд, шояд модари бузғоларо паланги барфӣ хӯрда буд: “Мо инро овардем ва табобат кардем, пояш шикаста буд. Ҳамроҳ бо бузҳои хонагӣ нигаҳ доштем. Аз ӯ насл гирифтем ва дидем, ки вазнаш аз бузҳои худамон фарқ мекунад.”

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки рӯзи 12-уми ноябр суҳбат кард, ин навъи буз мисли бузҳои маҳаллӣ алафу ғизо мехӯрад, вале ду баробар бештар гӯшт медиҳад, ки барои чорвопарварон фоидаи бештар меорад.

Бузи камхӯр ва бузург. Ҳосили таҷрибаи як сокини Ванҷ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Саттор Ғаффорӣ, як биологӣ маҳаллӣ мегӯяд, дар дигар кишварҳо барои пайдо кардани зоти хуби гову бузу гусфанд дурагакунӣ ҳамеша идома доштааст. Ба гуфтаи ӯ, чунин таҷрибаҳо дар Олмон, Амрико, Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ натиҷаҳои хуб додааст: “Барои шири бештар, ё пашму гӯшт гирифтан, ин корҳоро дар дигар кишварҳо анҷом додаанд ва барои хоҷагии халқашон натиҷаҳои хуб додааст.”

Ба гуфтаи Ғаффорӣ, кори сокини Ванҷ метавонад, як таҳқиқи илмӣ бошад ва бояд Академияи илмҳо ба он таваҷҷуҳ кунад: “Вақте гӯшташ зиёд аст, пас ба фоидаи мардум аст. Бояд Академияи илмҳо ба ин машғул шавад. Сифати гӯшташро санҷанд, бемориҳои ин навъи бузи дурагаро омӯзанд, ба кадом шароит тобовар буданашро омӯхта, баъдан ба доираи васеъ тавсия диҳанд.” Саттор Ғаффорӣ ҳоло дар як мактаби миёна ба ҳайси омӯзгор кор мекунад. Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани масъуле, ки дар Академияи илмҳо дар ин мавзуъ сӯҳбат кунанд, натиҷа надод.

Таҷрибаи ноком. Чаро?

Дурага кардани бузи кӯҳӣ бо бузҳои таҳҷоӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Даҳ сол пеш як сокини деҳаи Овиёи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) бузи оддиро бо “морхӯря” ё бузи пармашох дурага карда буд.

Туйчӣ Икромов, раиси ҷамъияти “Морхӯр”, ки ин таҷрибаро анҷом додааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар таҳдид ба насли морхӯр аз идомаи ин кор даст кашиданд: “Инҳоро дар хона парвариш кардем, вале ваҳшӣ шуданд ва даҳ бузи дуррага ба ҷангал гурехтанд. Ин кор мумкин нест. Мо супориш додем, ки ин даҳ сарро нобуд кунанд, чун он ба навъи асосӣ таъсири сахт мерасонад. Наслро вайрон мекунад, ки хилофи меъёрҳои байналмилалӣ аст. Инро ҳамчун бузи морхӯр гуфта, ба шикорчиёни хориҷӣ пешниҳод карда намешавад.”

Дар асл, ба гуфтаи Икромов, агар ин навъи бузро дар шароити дур аз кӯҳистон ва масалан фермаҳо нигаҳ доранд, фоидаи зиёд меорад. Ӯ афзуд: “Мо дар таҷриба дидем, ки ин буз аз бузи таҳҷоӣ боқуваттар аст. Ба касалиҳо тобовартар мешавад. Гӯшташ ҳам зиёд аст. Фақат ҷойи махсус ва шароит бошад, ки онро афзоиш диҳӣ”.

Бузи “морхӯр” ва бузи кӯҳии сибирӣ ҳамчун ҷонвари нодир вориди “Китоби Сурх” шудаанд. Шикори онҳо фақат бар асоси иҷозаномаи махсус ва бо теъдоди каме мумкин аст. То кунун дурага кардани ин навъи бузҳо бо бузҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон таҳқиқи илмӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG