Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангалзори Кӯҳи Намакро кӣ оташ зад?


Кӯҳи Намак.
Кӯҳи Намак.

Мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб дар робита ба оташсӯзии ҷангалзори Хоҷа-Мӯъмин воқеъ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ду нафарро боздошт карданд. Аммо мақомот мегӯянд, чун ин ду нафар носолим ва гунг ҳастанд, бинобар ин аз кушодани парвандаи ҷиноӣ ба зидди онҳо худдорӣ шудааст.

Як манбаъ аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон рӯзи 30-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор шоми 26-уми июл рух дода, барои хомӯш карданаш даҳҳо мошин сафарбар шудааст. Ин манбаъ гуфт, ду гектар ҷангалзор дар ин маҳал ба коми оташ рафтааст.

"Шоми 26-уми июл ба Хадамоти оташнишонӣ хабар мерасад, ки дар Кӯҳи Намак сӯхтор ба амал омадааст. Мо аз тамоми минтақа мошинҳоро сафарбар кардем ва то субҳ оташро хомӯш намудем. Масоҳати майдони сӯхтор ҳудуди ду гектарро ташкил медиҳад. Як сабаби дигари паҳн нашудани оташ он аст, ки сангҳои намак ҷилави онро гирифтааст", -- афзуд мусоҳиби мо.

Дар Кӯҳи Намак садҳо гектар замини кишт ва ҷангалу дарахтзорҳо вуҷуд дорад. Бархе аз ҳайвоноту паррандаҳое, ки дар ин минтақа ба сар мебаранд, дар "Китоби Сурх"-и Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Мираҳмад Давлатов, садори Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб, рӯзи 30-юми июл дар нишасти хабарӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, сӯхтор дар ҷангалзори Кӯҳи Намак соатҳои 8-9-и шаб рух дода, кормандони онҳо якҷоя бо сокинони деҳаи Ибрат ва кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Восеъ ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ба гуфтаи Давлатов, 15 нафар сӯхторро то субҳ хомӯш намуданд.

Ӯ афзуд, ду нафарро дар ин ҳодиса дастгир намудаанд -- онҳо носолим буда, яке аз онҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. "Мақомот ду нафарро дастгир карда, ба шуъбаи пулис супориданд. То нисфирӯзии 27-уми июл нигоҳашон доштанд, аммо бинобар носолим будан ҷавобашон доданд. Тариқи наздиконашон баёнот гирифтанд, ки онҳо гуфтаанд, ин корро онҳо кардаанд", - гуфт Мираҳмад Давлатов.

Ин масъули Идораи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб гуфт, ҳоло онҳо зарари сӯхторро дар ҷангалзор ҳисобу китоб доранд ва дақиқан гуфта наметавонанд, ки оташсӯзӣ чӣ қадар зарар ба бор овардааст.

Мираҳмад Давлатов, садори Идораи ҷангали минтақаи Кӯлоб, ҳамзамон аз он шикоят кард, ки ҳарчанд дар хомӯш кардани ҷангал тамоми мардум ва Хадамоти оташнишониро равона карда буданд, Идораи ҳифзи муҳити зист ба зидди онҳо санад тартиб додаву мехоҳад ҷарима бандад. Давлатов афзуд, ки гунаҳкор маълум аст ва ҳатто як корманди Хадамоти оташнишонӣ осеб дид, вале инро масъулони Идораи ҳифзи муҳити зист ба инобат нагирифтанд.

Дар Идораи ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб гуфтанд, ки сабаби ҷарима кардани Идораи ҷангал баъди сӯхтор дар он аст, ки "нозирони ҷангал корро хуб ба роҳ намонданд ва дар натиҷа ин ҳодиса ба амал омадааст".

Зимнан, Кӯҳи Намак миёни ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ҷойгир буда, аз сатҳи баҳр то 1,5 ҳазор метр баландӣ дорад. Мақомот ҳам мегӯянд, ки дар даҳсолаи ахир ҷангалзори ин кӯҳ чунин зиён надида буд.

XS
SM
MD
LG