Дар шаҳри Маскав ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба поён расид. Ҳайатҳои ду тараф рӯзҳои 7 ва 8-уми феврал дар бораи додугирифти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ суҳбат доштанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ шоми сешанбе хабар дод, ки ҳайатҳо зери раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, муовини раиси ҳукумати Русия сари масъалаи густариши робитаҳои иқтисодӣ ва саноатии ду кишвар мувофиқа ҳосил карданд. Аз ҷумла, мувофиқа ҳосил шудааст, ки Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти баландсифати кишоварзиро ба Русия афзоиш медиҳад.
Дархост барои оғози парвозҳои мунтазам
Душанбе ба Маскав пешниҳод кардааст, ки дар заминаи баъзе аз корхонаҳои Тоҷикистон коргоҳҳои муштарак таъсис шаванд. Дар баёнияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст: “Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.”
Дар изҳорот гуфта намешавад, ки ҳукумати Русия ба ин пешниҳод чӣ ҷавоб додааст ва оё парвозҳои ҳавопаймоҳои доимӣ ва ҳаракати қаторҳо аз Тоҷикистон ба Русия аз сар гирифта мешавад. Масъалаи парвозҳои доимӣ ва ҳаракати бе мамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия дар давраи пандемия доғ шудааст.
Парвозҳои чартерӣ яктарафа аст ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби маҳдудиятҳо ҳамоно аз ҳақи вуруд ба Русия маҳруманд. Дар остонаи ҷаласаи комиссия бархе нашрияҳои русӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар ҷаласа Маскав мавзӯи деринаи пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё матраҳ мекунад.
Аз ҷумла, “Независимая газета” аз қавли коршиносон навиштааст, ки мақомоти Русия ин масъаларо ҳамчун шарти асосии иҷро шудани хостҳои Тоҷикистон, аз ҷумла азсаргирии парвозҳои доимӣ, матраҳ мекунад. Тоҷикистон то ҳол гуфтааст, ки дар бораи узвият дар ин созмони иқтисодӣ “андеша дорад”.
Коршиносон мегӯянд, истиҳолаи Тоҷикистон аз узвият дар як созмони дигари зери назари Русия боиси маҳдуд шудани имкониятҳои гумрукиву тиҷоратии он дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷии дигар мешавад. То он замон, Русия гуфтааст, ки барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дарҳои худро тадриҷан боз мекунад.
Мавзӯи дигари баррасишуда дар Маскав низ ба бахши муҳоҷирати корӣ рабт дорад. Аз ҷумла, Тоҷикистон дархост кардааст, он шаҳрвандонаш, ки дар Русия қонуншиканиҳои сабуке кардаанд, ҳақи дубора ворид шудан ба он кишварро дошта бошанд. Ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки “масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Русия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд”, ҳал шавад.
Русия – шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон
Бинобар омори тоза, Русия шарики аввали тиҷоратии Тоҷикистон будааст. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳаҷми умумии савдои беруна дар 11 моҳи соли 2020 бо Русия 721 миллион долларро ташкил додааст. 21 дарсади савдои умумии Тоҷикистон бо хориҷ ба Русия рост меояд. Тоҷикистон харидори маводи сӯзишворӣ, чӯбу ангишт, равғану дигар маҳсулоти ғизо, нақлиёт ва металлҳои рангаи Русия мебошад.
Русия ҳамчунин кишвари аслии мизбони муҳоҷирони тоҷик аст. То замони расидани пандемия, муҳоҷирони корӣ аз Русия солона ба Тоҷикистон на камтар аз 3 миллиард доллар мефиристоданд.
Бар асари пандемия ва маҳдудиятҳо дар гаштугузору фаъолиятҳои иқтисодӣ интиқол пул кам шуд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки миллӣ тобистони соли гузашта гуфт, дар шаш моҳ муҳоҷирон ба Тоҷикистон тақрибан 1 миллиард доллар фиристодаанд.