Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Меҳроншо: "Ӯ аз беэҳтиётии ҳамкораш ба марг расидааст. Гумонбар дастгир шуд"


Меҳроншо Ҷумъаев
Меҳроншо Ҷумъаев

Пайвандони Меҳроншо Ҷумъаев, афсари милисае, ки рӯзи 7-уми феврал дар ноҳияи Панҷи Хатлон аз тири силоҳ ҷон бохт, гуфтанд, дар робита ба марги ӯ "як ҳамкораш дастгир шудааст".

Мақомот як рӯз пеш ҳодисаро тасодуф номиданд ва тафсилот намедиҳанд. Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншо, рӯзи 8-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмури Шуъбаи корҳои дохилии Панҷ бар асоси моддаи "куштор аз беэҳтиётӣ" муттаҳам аст.

"Парванда кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст. Маъмури милиса барои аз беэҳтиётӣ тир холӣ кардан, ки боис ба марги Меҳроншо шуд, гумонбар аст", -- афзуд Холиқназар Ҷумъаев.

Меҳроншои 25-сола рӯзи 7-уми феврал дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ ҷон бохт ва рӯзи душанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карда шуд.

Баъд аз чанд соати ҳодиса як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҷумъаев ҳангоми супурдани аслиҳаи хидматӣ дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия ҷон дод."

Вай афзуд, "Меҳроншо баъд аз тамом шудани рӯзи навбатдорӣ, мехост, аслиҳаашро супорад, вале ҳангоми супурдани аслиҳа ва тафтиши онки автомати Калашников тир дорад ё не, тир холӣ шуда, ба миёнаш мезанад."

Наздикони Меҳроншо Ҷумъаев гуфтанд, дар оғоз ба онҳо низ айни гап гуфта шуд, вале ҳақиқати ҳолро дар ноҳияи Панҷ фаҳмиданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ба ҳол расман дар ин бора гузориш надоданд.

Холиқназар Ҷумъаев мегӯяд, пайвандони корманди милисае, ки "аз беэҳтиётӣ" бародарзодаи ӯро парондааст, аз онҳо узр пурсиданд, то аз гуноҳи фарзандашон гузаранд. Хонаводаи Меҳроншо Ҷумъаев гуфтаанд, ҳодиса мувофиқи қонун баррасӣ карда шавад.

Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.

Ҳалокати кормандони милиса аз беэҳтиётии ҳамкорон кам ба назар мерасад, аммо чунин ҳолат дар миёни сарбозон бештар аст.

Се сол пеш Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG