Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, соли гузашта 3 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуда, вале бо сабаби баста будани марзҳо натавонистанд, ба макони таҳсилашон раванд. Ба қавли Маҳмадюсуф Имомзода, бештари донишҷӯён бояд ба донишгоҳҳои Русия ва Чин мерафтанд.
Имомзода рӯзи 5-уми феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, бо мақомоти кишварҳо барои қабули донишҷӯёни тоҷик музокирот доранд. Вале, ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз як қисми ҷавонон, ки тавассути парвозҳои чартерӣ ба Беларус рафтанд, боқии донишҷӯён дар дохили кишвар монданд.
“Дар ин самт кор карда истодаем. Ҳоло донишҷӯён онлайн таҳсил мекунанд”, -- афзуд вазири маориф.
Ин дар ҳолест, ки донишҷӯён шикоят доранд, ки суръати паст ва нархи гарони Интернет имкон намедиҳад, бахубӣ дарсҳои худро онлайн гузаранд.
Дар чунин вазъ, Маҳмадюсуф Имомзода гуфт, дар қабули донишҷӯёни тоҷик ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ имсол ягон тағйирот нест ва маъракаи қабул мисли солҳои пешина хоҳад буд. Ба қавли ӯ, имсол Русия барои донишҷӯёни тоҷик 630 бурсия ё ҷой ҷудо кардааст.
Масъулони Вазорати маориф мушаххас нагуфтанд, ки тақдири донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ чӣ мешавад.
Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби густариши коронавируси нав имкони рафтан ба он кишварро надоштанд, рӯзи 11-уми ноябри соли гузашта дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷамъ омада, хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар умум беш аз 39 ҳазор ҷавони тоҷик дар 27 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.