Freedom Now, як созмони мустақар дар Вашингтон, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, итминон бидиҳанд, ки рӯзноманигор Далер Шарифов дар оянда таҳти таъқиб қарор нахоҳад гирифт.
Шарифов пас аз як соли давраи адои ҷазо, ки созмони Freedom Now онро "ғайриқонунӣ" меномад, рӯзи 29-уми январ аз зиндони ноҳияи Ёвон озод шуд.
Маран Турнер, мудири иҷроии Freedom Now, дар изҳороте гуфт, "аз инки Далер Шарифов озод шуд ва ба хонаводааш пайваст, хушҳолем", вале дар айни замон афзуд: "Ҳабси нодурусти ӯ баёнгари суистифодаи мақомоти Тоҷикистон аз қонуни мубориза бо ифротгароӣ барои саркӯби интиқодҳои машруъ аз сиёсати ҳукумат аст. Мо ҳамчунон хостори озодии фаврӣ ва бидуни қайду шарти шахсоне ҳастем, ки иштибоҳаӣ зиндонӣ шудаанд, аз ҷумла, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов ва Маҳмадалӣ Ҳайит."
Далер Шарифови 33-сола фаъолияти хабарнигории худро соли 2006 оғоз карда, соли 2012 барои муқобила бо маҳалгароӣ ва фасод созмони "Қадам ба қадам"-ро таъсис дод. Ҳарчанд онро натавонист расман сабтином кунад, аз сӯйи шахсони номаълум мавриди латукӯб қарор гирифт.
Соли 2013 ҳамкориро бо нашрияи мустақили "Озодагон" оғоз кард ва баъд аз қатъи фаъолияти он бе ҷойи кор монд.
Далер Шарифовро 28-уми январи соли 2020 дастгир карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрел ӯро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯву наздиконаш ва ҳомиёни ҳуқуқ иттиҳомро напазируфта, баҳонае барои бастани даҳони ӯ ва ҳушдоре ба дигарандешон донистанд.
Аз замони боздошт ва ҳукми Далер Шарифов чандин созмони дохиливу байнулмилалӣ ба озодияш даъват карданд. Идораи зиндонҳои Тоҷикистон низ дар охири соли гузашта хост, ӯро барои рафтори хубаш ба маҳбаси сукунатӣ гузаронанд, вале Додситонии кул ӯро "барои ҷомеа хатарнок" номид, ҳарчанд дар ин маврид шарҳи возеҳе надод.