Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафарро барои олуда кардани дарёи Душанбе ҷарима карданд. ВИДЕО


Соҳили дарёи Душанбе
Соҳили дарёи Душанбе

Идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе даҳҳо сокини пойтахт, аз ҷумла моликони чанде аз ошхонаҳоро барои ифлос кардани оби рӯдхонаву дарёҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Талошҳо барои тоза нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист ва пок кардани соҳили рӯдхонаҳо дар ҳолест, ки ҳар роҳгузар метавонад садҳо қуттии пластикӣ ва ҳатто уребча (подгузник)-ҳои кӯдаконаро дар лаби дарёҳо мушоҳида кунад.

Саидаҳмади Акрампур, як масъули идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, рӯзи 22-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳое ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки партовҳои маишӣ ва сохтмониро дар соҳили дарё афкандаанд.

Ин масъули ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар як соли охир бо ширкати ҳудудан 24 ҳазор сокин ҳаждаҳ маротиба аксияҳои тоза кардани соҳили дарёи Душанберо ба роҳ монданд. Дар маҷмуъ беш аз 44 километр соҳили дарё аз партовҳо пок карда шуданд. Ӯ гуфт: “инҳо партовҳои сахти маишӣ буданд. Яъне, коғаз, боқимондаи хӯрок, зарфҳои пластикӣ, умуман чизҳое, ки дар хоҷагӣ истифода мешавад”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ баъзе аз сокинон партовҳоро дар назди рӯдхонаҳо меафкандаанд, дар ҳоле ки манбаи асосии об барои сокинони шаҳри Душанбе маҳз ҳамин дарё аст.

Даҳҳо сокини пойтахт барои ифлос кардани оби дарёи Душанбе ҷарима шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ рузи 21-уми январ дар соҳили дарёи Душанбе нишон дод, ки ҳанӯз ҳам партовҳо дар атрофи рӯдхона кам нестанд ва бинобар он муҳити атроф бӯи ғализ мекунад. Ҳатто уребчаи кӯдаконро мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз манзили сокинон то онҷо рафтааст.

Бархе мегӯянд, онҳое оби дарёро бо партофтани партовҳо ифлос мекунанд, ки аз камбуди оби нӯшокӣ азият намекашанд. Ҷонибек Авазов, сокини пойтахт гуфт: “мо агар аз об танқисӣ кашем, қадру қиммати ин обро донем, ин корро намекунем. Ин бемасъулиятии бархе сокинонро нишон медиҳад”.

Дар ҳамин ҳол, масъулини идораи ҳифзи муҳити зисти Душанбе мегӯянд, барои боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз ҷумла рӯдхонаҳо миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Амир Исаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
Амир Исаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ

Амир Исаев, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, як соли охир бо гуруҳе аз ихтиёриён барои пок кардани соҳилу рӯдхонаҳои пойтахт аз партов иқдом мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳадаф аз анҷоми аксияҳои тозагии соҳил ҷалби сокинони пойтахт ба тозагии ҳифзи муҳити зист аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт: “Тирамоҳи соли гузашта тасмим гирифтем, ки чунин як иқдомро дар ҳудуди пойтахт гузаронем. Ва ҳамин тавр шуруъ шуд. Оҳиста-оҳиста ба ин иқдом дигарҳо ҳам ҳамроҳ шуданд. Мардум одат кардаанд, ки партовҳоро рӯи замин бояд партоянд. Шояд ба онҳо фарҳанги шаҳрдорӣ бояд омӯхт, ки партовро рӯи замин напартоянд. Ин иқдом барои нишон додани он аст, ки мушкили экологӣ дар пойтахт вуҷуд дорад”.

Ихтиёриён борҳо партовҳои ҷамъовардаи худро акс гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузоштаанд, то ба ин восита ба зеҳни мардум таъсир гузоранд. Мақомот мегӯянд, партовҳо бештар дар соҳили рӯдхонаҳо дар фасли тобистон мушоҳида мешавад.

Ба бовари онҳо яке аз дигар омилҳои пур аз партов шудани рӯдхонаҳои Душанбе, набудани маконҳои махсуси партов дар баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб аст. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз бошандагони ин мавзеъ партовҳоро рост ба рӯди Варзоб меафкандаанд.

Дар гузашта ҳам мақомоти соҳаи беҳдошт ва ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон чанде аз моликони истироҳатгоҳҳо ва сокинонро дар канори рӯди Варзоб ҷарима карда буданд. Пизишкону вогиршиносон мегӯянд, оби олуда метавонад боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ шавад.

Доманаву зардпарвин ва исҳоли хунин аз ҷумлаи бемориҳоест, ки метавонад аз оби олудаи дарё сарчашма гирад. Аз ин хотир, мақомот аз сокинон даъват мекунанд барои пок нигоҳ доштани соҳили дарёву рудхонаҳо масъулият эҳсос кунад ва муҳитро аз олудашавӣ нигоҳ доранд.

XS
SM
MD
LG