Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирози рӯзи якшанбе дар Белорус 17 кас боздошт шуд


Дар Белорус рӯзи якшанбеи 10-уми январ иқдоми анъанавии эътирозӣ зидди ҳукумати Александр Лукашенко баргузор шуд. Гуруҳҳои иборат аз садҳо одам дар шаҳрҳои Минск, Брест ва Гродно роҳпаймоӣ карданд.

Шоми рӯзи якшанбе маркази белорусии дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Весна" хабар дод, ки дар маҷмуъ 17 кас аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии "Россия 1" мусоҳибаеро бо Лукашнеко нишон дод, ки президенти Белорус гуфт, эҳтимол дорад, тарҳи нави конститутсияи кишвараш то охири соли 2021 таҳия шавад. Ба гуфтаи вай, барои қабули конститутсияи нав ҳамапурсӣ ташкил хоҳад шуд.

Лукашенко гуфт, яке аз ҳадафҳои асосии тағйири конститутсияи тақсими салоҳиятҳо байни шохаҳои ҳокимият хоҳад буд.

Иқдомҳои эътирозии ҳарҳафтаина дар Белорус баъди интихоботи президентии он кишвар дар рӯзи 9-уми августи соли 2020 баргузор мешаванд. Дар интихоботи моҳи август президенти амалкунандаи Белорус баранда эълом шуд. Мухолифон натиҷаҳои интихоботро тақаллубӣ унвон ва ба кӯча баромаданд. Дар тамоми эътирозҳо дар Белорус на камтар аз 5 кас кушта ва нисбати бештар аз 650 каси дигар, дар робита ба ташкили эътирозҳо, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG