Узбекистон дар канори маркази тиббие, ки дар ноҳияи Қубодиён бунёд мекунад, як бемористони дигар барои гирифторони коронавируси нав хоҳад сохт. Ин бемористонро шикарти "Узбекнафтугаз" муҷаҳҳаз мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар бемористони муваққат тавассути дастгоҳҳои муосир ташхис гузаронида мешавад. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаҳои ташхиси беморон, онҳоро барои муолиҷа ба шифохонаҳои дигар мефиристанд.
Сохтмони маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён аз тарафи Узбекистон дар соли 2018 шуруъ шуд. Қарор аст, марказ баҳори имсол ба истифода дода шавад.
Сохтмони марказ яке аз тарҳҳоест, ки ҳангоми сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори 2018 имзо шуда буд.