Вакилони порлумони Тоҷикистон ширкати "Ғаюр Пак"-ро 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда ё НДС озод карданд. Раиси ширкат Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов аст. Корхонаҳои ӯ, ки асосан ба истеҳсоли семент машғуланд, дар гузашта низ аз имтиёзҳои молӣ баҳраманд шудаанд.
Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, додани имтиёз тибқи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Ғаюр Пак" сурат гирифт. Бар асоси созишнома, ширкати "Ғаюр Пак" дар Душанбе корхонаи истеҳсоли халтаҳои пластикӣ месозад.
Масъулони ширкат гуфтаанд, ба беш аз 100 нафар ҷойи кор дода, дар як сол 50 миллион халта истеҳсол хоҳанд кард. Азиз Гиёзода гуфт, "ширкат ҳангоми воридоти молу таҷҳизот, фанновариҳои муосир аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод мебошад."
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумон гуфт, барои корхонаи истеҳсоли халтаҳои пластикӣ аз ширкати "Старлингер анд Ко джиэмбиэйч"-и Олмону Австрия ба маблағи 100 миллион сомонӣ таҷҳизот харидааст.
Ширкатҳои "Хуаксин Ғаюр Семент" ва "Хуаксин Ғаюр Индастриал", ки ба Акбар Ғуломов, мутааллиқанд дар гузашта низ аз имтиёзҳои молиётӣ ва гумрукӣ баҳра бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз гаронии андоз шикоят доранд ва мегӯянд, дар Тоҷикистон асосан афроди наздик ба мансабдорон имтиёз мегиранд.
Мақомот ҳар дафъа чунин иддаоро рад карда, гуфтаанд, пешниҳоди имтиёз ба ширкатҳо барои рушди иқтисод, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва сабукӣ ба соҳибкорони ватанӣ мебошад.
Коршиносон низ борҳо таъкид кардаанд, ки ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо бархӯрд бо ҳама гуна ширкату соҳибкорон бояд шаффофу баробар сурат гирад. Олимҷон Бобоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, вақте раҳбарони ширкатҳо барои баҳраманд шудан аз имтиёз ба ҳукумат дархост мекунанд, масъалаи саҳми онҳо дар рушди иқтисоди кишвар ва то куҷо ниёз доштанашон ба имтиёз бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад.
Рӯзи 30-юми декабр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар вокуниш ба хабари додани имтиёз ба ширкати "Ғаюр Пак" вокунишҳои гуногун карданд. Абдувалӣ Раҳмонов, дар "Фейсбук" навишт, беҳтар аст, имтиёз ба ширкатҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал машғуланд, дода шавад. Ӯ шарҳ дод, дар шароити пандемияи COVID-19, ки нархи маҳсулот гарон шудааст, додани имтиёз ба корхонаҳои истеҳсолкунанда ва ё воридкунандаи маҳсулоти озуқа муҳим аст.
Ширкати "Ғаюр Пак" соли 2012 дар заминаи корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъсис ёфта, бахши аъзами сементи кишварро истеҳсол мекунад. Азиз Гиёзода, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, "ҳадаф аз пешниҳоди имтиёз ба ин ширкат, ҷалби сармоя, таъмини аҳолӣ ба ҷои кор ва рушди иқисоди кишвар мебошад."
Моҳи январи имсол, пас аз он ки нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли гузашта иҷро нашуд, як масъули Вазорати молия додани имтиёзҳои зиёдро омили асосии иҷро нашудани буҷа маънидод карда кард. Он замон коршиносон пеш омадани чунин вазъро гуноҳи мақомот донистанд, ки аз аввал тарҳи буҷаро дуруст нарехтаанд. Дурнамои буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 озод намудани молу маҳсулот ва ширкатҳоеро аз боҷи гумрукӣ ва андоз пешбинӣ намудааст.
|