Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, гуфт, ҳайати кишвараш дар даври дуввуми гуфтугӯҳо бо Толибон ба ҳифзи дастовардҳои кишвар дар 19 соли ахир пойфишорӣ мекунад.
Дар пайи оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон бисёре аз доираҳо аз ҳайати Афғонистон талаб карданд, ки дар масъалаи занон ва ҳаққи онҳо ба таҳсил набояд гузашт кунанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 22-юми декабр дар Душанбе гуфт, дар даври дуввуми музокирот аз ду хостаи бисёр возеҳи Афғонистон - расидан ба сулҳи боиззат ва ҳифзи дастовардҳо ва ҳуқуқи ҳама мардуми Афғонистон пуштибонӣ хоҳанд кард. Вай, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, гуфт, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон давоми 2,5 соат асосан дар масъалаи сулҳ гуфтугӯ кардаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 21-уми декабр дар раъси як ҳайати баландпоя ба Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон ворид шуд. Ӯро дар ин сафар шуморе аз вакилони Луи Ҷиргаи Афғонистон намояндагӣ мекарданд. Раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар ду рӯз бо Раиси Маҷлиси Намояндагон, вазири корҳои хориҷӣ, сарвазир ва раисҷумҳури Тоҷикистон дидор дошт.
Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки талошҳо барои даст ёфтан ба созиши сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон, дар ин авохир афзоиш ёфтааст.
Душанбеи расмӣ ҳамвора гуфтааст, ки аз талошҳои ҳукумати Кобул дар таъмини амният ва сулҳ ҷонибдорӣ мекунанд ва низ аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ истиқбол менамояд.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Таҳдид аз марзҳои ҷанубӣ ва таҷаммӯи ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон, ки гуфта мешавад миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, ҳамвора аз нигарониҳои мақомоти тоҷик будааст.