Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду ҷавон дар робита бо куштори таксироне дар Турсунзода


Кӯчае дар шаҳри Турсунзода
Кӯчае дар шаҳри Турсунзода

Додситонии шаҳри Турсунзода вобаста ба қатли бераҳмонаи таксирони 38-сола парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. ВКД Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта хабар дод, ки ба ҳайси гумонбар дар ин ҷиноят як ҷавони 18-сола ва як ноболиғи муҳассили синфи 11-и сокинони шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд. Дар навори телевизионии ин ниҳод яке аз боздоштшудаҳо дар нишондодаш гуфт, ки ба хотири ба даст овардани пул ба чунин ҷиноят даст задаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ронадаи мошини “Тико”-ро, ки ба мусофиркашонӣ машғул будааст, киро карда дар ҷои беодам нахуст бо сим буғӣ карда баъдан бо корд заданд. Ҷасадаро дар ҷуйбори канори роҳ мепартоянд. Онҳо аз дохили мошин як телефон ва 220 сомонии кушташударо мегиранд. Ҷасад рӯзи 10 уми декабр пайдо карда шуд. ​

Маълум нест, ки мавқеи худи гумонбарони боздоштшуда чӣ аст ва оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё на.

XS
SM
MD
LG