Генерали аршади амрикоӣ пеш аз сафар ба Афғонистон ҳафтаи ҷорӣ дар Қатар бо мақомоти Толибон дидору гуфтугӯ кард. Дар шаҳри Давҳаи Қатар аз моҳи сентябр ба ин сӯ ба хотири хатми ҷанги 20-сола ва хушунатҳо музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Кобул идома дорад. Тибқи гузоришҳои Ассошиэйтед Пресс, генерал Марк Милли, раиси ситоди муштарак рӯзи 15 декабр давоми тахминан ду соат бо намояндагони гурӯҳи муҳофизакор дидору гуфтугӯ кардааст. Баъди ин 16 декабр Милли ба Кобул парвоз кард, то дар мулоқот бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҷараёни сулҳро баррасӣ кунад. Дар бораи ин сафар то 17-уми декабр ҳеҷ хабаре нашр нашуд. Милли гуфт, ки бахши муҳими музокироти ӯ бо Толибон ва мақомоти Кобул ин зарурат ба хатми билофосилаи хушунатҳо дар Афғонистон аст.