Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои чартерӣ 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан баргардониданд


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Аслишо Нодиршоев, як маъули Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Авеста” гуфтааст, то имрӯз тавассути парвозҳои чартерӣ беш аз 90 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд. Беш аз 74 ҳазори онҳо мардон ва зиёда аз 16 ҳазори дигарашон занон будаанд. Ба гуфтаи ин масъул, тибқи нақшаи кории хадамоти муҳоҷират, дар кишвар нуқтаҳои машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта мусоидат мекунанд. Ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор муҳоҷирони баргашта муроҷиат намудаанд. Дар мадди аввал мушаххас карда мешавад, ки ба чӣ теъдоде аз муҳоҷирон ворид шудан ба Русия манъ гардидааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то охири моҳи июли имсол 286 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум шудаанд. Нодиршоев мегӯяд, ҳангоми таъмин намудан бо шуғл бартарӣ ба кормандони бахши сохтмон дода мешавад. Ҳоло дар кишвар 267 ширкати сохтмонӣ фаъол будааст, ки дар онҳо ҳудуди 35 ҳазор нафар тоҷикон кор мекардаанд.

XS
SM
MD
LG