Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Толибон ба Покистон сафар кард


16 декабр, Исломобод. Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳаммуассиси гурӯҳи Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародарро дар даромадгоҳи вазорати хориҷаи Покистон пешвоз мегирад
16 декабр, Исломобод. Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ҳаммуассиси гурӯҳи Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародарро дар даромадгоҳи вазорати хориҷаи Покистон пешвоз мегирад

Ҳайати Толибон рӯзи 16 декабр барои музокирот бо мақомоти ҳукумати Покистон ба Исломобод ворид шуд. Сафари ин ҳайат дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар Афғонистон чандин ҳодисаи пурхушунати дигар рӯй додааст. Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, ки ҳайати Толибон ба раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар давоми се рӯз бо нахуствазир Имрон Хон ва дигар мақомот гуфтугӯ мекунанд. Пакистон - як сармоягузори калонии Толибон, давоми муддати зиёд барои фароҳам кардани ёриҳову сарпаноҳ ба ин гурӯҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад, вале Исломобод ҳеҷ гоҳ инро эътироф накардааст.

Вале Покистон ташаббускори асосии сари мизи гуфтугӯ бо ИМА нишондани Толибон дар соли 2018 буд. Дар ниҳоят, музокирот бо имзои созишномаи сулҳ дар моҳи феврал анҷомид ва Толибон ҳам ӯҳдадорӣ супурданд, ки шартҳои сулҳро риоя карда аз хушунат даст мекашанд. Моҳи сентябр дар Қатар музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон шурӯъ шуд, вале мавҷи хушунатҳо дар ин кишвар кам намешавад. Рӯзи 16 декабр ҳам мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар ҳамла ба як посгоҳи низомӣ дар Бағлон, шимоли кишвар 13 афсари полис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG