Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Нигина на аз дар, балки аз тиреза ба хонааш медарояд? ВИДЕО


KHONA LOOP

Нигина Ҳабибова, сокини як деҳаи Ёвон ҳар рӯз бо писару модараш аз тирезаи хона берун меоянду медароянд. Аз кулбаи вайронаашон аз касе намегурезанд. Азбаски хона дар надорад, тирезаро, ки он ҳам шиша надорад, ба дар табдил додаанд.

“Дар хушру набуд, барои ҳамин маҳкам кардем, хунук мехурдем. Боз нашавад, гуфта маҳкам кардем” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Нигина Ҳабибова, модараш ва писари 6-солааш дар кулбаи нимавайронае дар деҳаи Чупонободи Ёвон зиндагӣ мекунанд. Модари танҳост, модараш ҳам танҳост ва кулба аз падар мерос мондааст.

Ҳаёт дар хонае, ки на дар дорад, на бому на тиреза
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тарсу ваҳшат шабро дар он рӯз мекунанд. Нигина бо ишора ба боми фурӯрафта гуфт: "Инҷо зиндагӣ мекунем, метарсем, ки ягон рӯз болои сарам чаппа мешавад."

Дар кулбае, ки фақат ду утоқ дорад, мехобанду мепазанду аз сармо боду борон пинҳон мешаванд. Азбаски ҷое барои рафтан надоранд, барои ҳамин ночор дар ин кулбаи гилин зиндагӣ мекунанд. Ба ҳайси оилаи фақир борҳо ба мақомоти ноҳияи Ёвон муроҷиат кардаанд, посухашон ҳам аксаран яксон будааст, ки мо ҳам имкон надорем.

Нигина Ҳабибова мегӯяд: “Барои таъмири хона ба ҳамаҷо рафтем. Гуфтанд, ки хешутаборатонро бигӯед, худашон дуруст кунанд. Мо пул надорем. Якхелаш гуфт, пулро биёред, хонаро дуруст мекунем.“

Дар Тоҷикистон айни Нигина Ҳабибова садҳо ва шояд ҳазорон модари танҳо аст, ки аз чашми хабарнигорон дур мондаанд. Бино ба омори расмӣ, 14 дар аҳолии Тоҷикистон мисли ин модари танҳо қашшоқона зиндагӣ мекунанд.

Барои онҳое, ки мехоҳанд, ба ин модар кумак кунанд, бо иҷозаи худаш шумораи телефонашро инҷо мегузорем: +992 907 073 256

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG