Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия дар ҷаҳон: Тоҷикистон дар миёни "бадтаринҳо". Мақомот розӣ нестанд


Созмони Freedom House ё Хонаи озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико, дар гузориши наве оид ба вазъи озодиҳои сиёсӣ ва демократия дар ҷаҳон, Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати "ноозод" ва дар қатори даҳ кишвари "бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳеч гоҳ танқидҳои ин созмонро қабул накарда, дур аз воқеият донистаанд.

Гузориши "Озодӣ дар ҷаҳон – 2020: Муборизаи бидуни раҳбар барои демократия" рӯзи 4-уми март нашр шуд. Дар он вазъи сиёсии 195 кишварро баҳогузорӣ кардаанд.

Дар гузориши мазкур инчунин феҳристи кишварҳое нашр шудааст, ки дар давоми даҳ соли гузашта поинравии фавқулодаи озодиҳоро шоҳид шудаанд. Дар миёни 29 кишваре, ки дар як ҷадвали махсус бо номи "Поинравии бештар дар даҳ соли гузашта. Коҳиши фоҷеабори озодиҳо дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон мушоҳида шуд", таҳия шудааст, Тоҷикистон ҳам ҷой гирифт.

Дар ин ҷадвал гуфта мешавад, дар даҳ соли гузашта озодиҳо дар Тоҷикистон 18 зина поин рафта, дар зинаҳои болову поинаш Малдив, Яман, Озарбойҷон ва Бангладеш ҷой гирифтанд. Дар қатори кишварҳои “ноозод” Туркманистони ҳамсояи Тоҷикистон ҳам ёд шудааст.

Созмони Хонаи озодӣ дар робита бо Тоҷикистон ин навбат шарҳи зиёд надодааст, вале дар гузориши соли 2019 навишта буд, "режими худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданиро шадидан маҳдуд кардааст. Дар пайи маъракаи давомдорӣ саркӯбҳо оппозитсияи сиёсӣ аз байн рафта, ҳукумат аз болои фаъолиятҳои динӣ назорати шадид ҷорӣ кардааст. Сарват ва қудрат торафт бештар дар дасти президент ва оилааш тамаркуз меёбад".

То ҳол мақомот дар Тоҷикистон ба гузориши нави созмони Freedom House вокуниш накардаанд, вале дар гузашта мақомдорон ва ҳам таҳлилгарони наздик ба ҳукумат бо ингуна интиқодҳо розӣ нашудаанд. Аз ҷумла, соли 2019, замоне ки “Хонаи Озодӣ" Тоҷикистонро дар байни "бадтарини бадтаринҳо" ҷой дода буд, Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаҳои ин созмони ҳомии ҳуқуқро қабул надорад, зеро он, ба гуфтааш, ба воқеиятҳои Тоҷикистон мувофиқат намекунад.

Ӯ гуфта буд, “дар Тоҷикистон бархе аз мушкилот вуҷуд дорад, вале мо наметавонем, зуд ба як кишвари пешрафтаи демократӣ табдил ёбем.” Дар кишвар, ба гуфтаи ӯ, “мардум суботу оромиро беҳтар аз озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ мешуморанд.”

Чанд нуктаи дигари гузориши “Хонаи озодӣ” дар соли 2020:

  • Аз 195 кишвари мавриди таҳқиқи ин гузориш, 83 давлат ба гурӯҳи кишварҳои “озод”, 63 кишвар ба гурӯҳи “қисман озод” ва 49 кишвар ба гуруҳи “ноозод” шомил шуданд. Шумори кишварҳои озод дар давоми даҳ соли охир 3 дарсад кам шуда, баръакс, гурӯҳи кишварҳои “қисман озод” ва “ноозод” мутаносибан 2 ва 1 дарсад афзоиш ёфтанд.
  • Муҳаққиқон мегӯянд, дар 64 кишвар соли 2019 нишондодҳои озодиҳои сиёсӣ поин рафта, танҳо дар 37 кишвар пешравӣ мушоҳида шудааст.
  • Қораи Африқо бо пешравиву пастравиҳои бештари нишондодҳо рӯбарӯ шудааст. Дар Бенин, Мозамбик ва Танзания интихобот пурмушкил гузашта, дигарандешон саркӯб шуданд, вале Судон, Мадагаскар ва Эфиопия, баръакс, аз ислоҳот ва барқарории қонунҳои бештари демократӣ бурд кардаанд.
  • Дар кишварҳое, ки демократияҳои устувор доштанд, давоми 14 соли охир поинравии нишондодҳо мушоҳида шудааст.

Дар ҳоле ки кишварҳои демократӣ дар фазои байналмилалӣ пуштибонии ноустувори худро аз озодиҳо намоиш медиҳанд, қудратҳои худкома нуфузи ҷаҳонии худро тавассути ҷангҳои интернетӣ, мудохила ба интихобот ва сензура дар қаламравҳои берун аз марзҳои худ паҳн мекунанд.

Гузориши созмони Хонаи озодӣ на танҳо саркӯби эътирозгарон дар кишварҳои, ба навиштааш “худкомае” ба мисли Русияву Эрон, балки Амрикоро низ мавриди интиқод қарор додааст. Муаллифони гузориш Вашингтонро барои он сарзаниш кардаанд, ки дар пайи “дидгоҳҳои популистӣ” (populist agenda) нақши худро ба унвони як кишвари суннатан ҳомии арзишҳои демократӣ иҷро намекунад.

Гузориш интихоботи порлумонии гузашта дар Узбекистону Беларусро мавриди интиқод қарор дода, гуфтааст, “ин маъракаҳо бе ширкати оппозитсияи воқеӣ гузаштанд”.

Қазоқистон барои интиқоли қудрат ба дасти як номзади мавриди назари президенти пешин Нурсултон Назарбоев ва бо тақаллуб гузаштани интихоботи президентӣ ва дар пайи он саркӯб шудани эътирозҳо интиқод шудааст.

Дар миёни ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ иқдомҳои раҳбарони ислоҳотхоҳи Украина ва Арманистон мавриди ситоиши таҳлилгарони “Хонаи озодӣ” қарор гирифтанд. Гузориш мегӯяд, Владимир Зеленский ва Никол Пашинян тавонистанд, “дар амри решакан кардани нирӯҳои клептократӣ (аъзои фасодхор ва манфиатҷӯи ҳукумат), ки солҳои дароз монеи самтгириҳои демократии кишварҳояш буданд, қадамҳои аввал гузоранд”.

Гузориш аз нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ интиқод карда гуфтааст, соли 2019 ӯ “мавзӯи миллатгароии ҳиндуҳоро ба сатҳи нав бароварда”, ба “гурӯҳҳои мухталифи мусалмонон осеб расонд ва ояндаи демократии кишварро зери хатар қарор дод”. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи муаллифони гузориш, “Ҳинд солҳои дароз ба унвони истеҳкоми демократия дар Осиё ва ҷаҳон арзёбӣ мешуд”.

Ин гузориш бархӯрди мақомоти Чинро нисбат ба уйғурҳо ва дигар ақаллиятҳои мусалмони Шинҷон ҳамчун “бадтарин намунаи саркӯбҳои дохилӣ” ва як “маъракаи маҳви фарҳангӣ” интиқод кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG