Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Хатлон кори ду бародари чӯпонро тафтиш мекунад. Онҳо нигаронанд. ВИДЕО


Нурхон ва Раҳмон, ду бародари чупон
Нурхон ва Раҳмон, ду бародари чупон

Додситонии вилояти Хатлон фаъолияти кории ду бародари чӯпонро, ки ду сол пеш аз вазифа барканор шуда буданд, дубора тафтиш мекунад.

Нурхон ва Раҳмон Қурбоналиевҳо дар хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-и назди дастгоҳи иҷроияи президент кор мекарданд.

Шикояти чӯпонҳои фархорӣ аз талоши муҷозоти дубора барои як гуноҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Ду сол пеш, пас аз чунин тафтиш, онҳоро ба расонидани зарар ба хоҷагӣ муттаҳам карданд ва пас аз пардохти ҷуброн аз ҷавобгарӣ озод шуданд.

Бародарони чӯпон аз оғози дубораи тафтиш нисбаташон нигаронанд ва мегӯянд, натиҷаҳои тафтиши қаблӣ ва хулосаи мақомотро дар даст доранд, ки бар асоси он дигар онҳо ҷавобгар нестанд.

Раҳмон Қурбоналиев, собиқ сарчӯпони хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” мегӯяд, пештар онҳоро Оҷонсии мубориза бо фасод тафтиш карда буд ва ҳоло дубора Додситонии вилоят аз сар тафтишро оғоз кардааст.

“Оҷонсии мубориза бо фасод ду соли пеш санҷиш кард ва ба хулосае омад, ки 34 сар гусфанд гум шудааст. Маро парванда карданд ва зарарро барқарор кардам”,‑‑гуфт ӯ.

Мақомоти додситонӣ дар вилояти Хатлон оғози тафтиши хоҷагии “Ҳисор”‑ро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ҳанӯз нисбат ба касе парванда боз нашудааст.

Ин ду бародар аз навраси дар хоҷагии “Ҳисор” кор кардаанд.

Нурхон низ пас аз он корашро аз даст дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасод нисбаташ парванда боз кард.

Нурхон Қурбоналиев мегӯяд, ӯро ба он гунаҳкор карданд, ки дар замони кораш 149 сар гусфанд гум шудааст.

“Мо гусфандонро барқарор кардем. Ҳатто суд гуфт, ки ҷарима насупорӣ ду сол ҳабс мекунем, 18550 сомонӣ дар бонк супоридем”,‑‑гуфт ӯ.

Бародарон иддао доранд, ки дар гум шудани гусфандон аз хоҷагӣ даст надоранд ва ҳеҷ далеле ҳам дар ин бора мавҷуд нест.

“Як ҳафта қабл додситон маро ба хоҷагӣ даъват карда, гуфт, ки 79 сар гусфанд низ дар давраи кори ту гум шудааст. Бародарамро гуфтанд, ки 145 гусфанд ҳам дар замони кори ту гум шудааст”,‑‑гуфт Нурхон.

Ин чӯпонҳои собиқадор аз фишор болои худ шикоят доранд ва мегӯянд, аз "бе пушту паноҳ" буданашон истифода карда, гуноҳи дигаронро сари онҳо бор мекунанд.

Масъулони хоҷагии “Ҳисор” дар ин маврид бо мо сӯҳбат накарданд.

Хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” соли 1952 таъсис ёфта, ба парвариши навъи гусфандони “ҳисорӣ” машғул аст. Соли 2011 бо фармони президент ин хоҷагӣ зертобеии дастгоҳи иҷроияи президент шуд. Ҳоло дар ин хоҷагӣ 7000 сар гусфанд парвариш меёбад.

XS
SM
MD
LG