Пандемияи коронавирус мушкили хеле ҷиддии кишварҳои Осиёи Марказиро ошкор кардааст, ки сустии суръати Интернет яке аз онҳост. Ин мавзуъ рӯзи 2-юми декабр дар нишасти онлайни Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисон ва иқтисоддонҳоро ба ҳам овард.
Мутахассисон мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавирус аҳамияти пайвастшавӣ ба Интернет ва мухобироти рақамӣ авлавият пайдо кард, то ҳукуматҳову ширкатҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида битавонанд кори худро фосилавӣ пеш баранд ё ба таҳсил идома диҳанд.
Вале ба гуфтаи Лилия Бурунчук, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ, "бӯҳрони COVID-19 вуҷуди мушкилро дар иртибототи рақамӣ дар минтақа ба намоиш гузошт". Ӯ мегӯяд, ҳамин мушкил нобаробарии иҷтимоиро дар ҷомеаҳо афзоиш дода, рушди иқтисодиро дар минтақа суст мекунад.
Бино ба арзёбиҳои мутахассисон, кишварҳое, ки дорои зербиноҳои мустаҳкам ва амалкунандаи рақамӣ ҳастанд, тавонистанд зарбаҳои манфии пандемияро ба иқтисод то нисф кам кунанд. Вале зарбаи он ба кишварҳое, ки низоми заифи мухобироти рақамӣ доранд ва то ҳол натавонистанд хадамоти давлативу иқтисодро ба ин сатҳ бароранд, хеле амиқ ва густарда будааст.
Ба навиштаи Miragenews, дар конфронси Бонки Ҷаҳонӣ номи Тоҷикистон ба унвони давлате ёд шуд, ки мизони поини дастрасӣ ба хадамоти рушдёфтаи интернетӣ дар ҳама соҳаро дорад.
Дар муқоиса бо Қазоқистон, ки ин мизон 35 дарсадро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон 3,1 дарсад аст (арзёбиҳои TeleGeography). Ин ҷо манзур дастрасӣ ба Интернет, истифодаи васеъ аз он дар ҳама гуна хадамот, ҳаёти иҷтимоиву маишӣ ва ҳам суръати интернети мобилӣ мебошад.
Коршиносон таъкид карданд, ки барои минтақаи Осиёи Миёна дастрасӣ ба хатҳои васеи интернетӣ як мушкили ҷиддӣ мебошад ва бо ҳамин сабаб арзиши хадамоти интернетӣ, бахусус дар деҳот баланд асту нақши интернет дар иқтисод ҳанӯз пешбаранда нашудааст.
Ширкатдорони конфронс мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ зарурат ба ислоҳоти соҳавӣ, бахусус дар масъалаи мухобироти байналмилалӣ, монополияи ширкатҳои давлатӣ, танзими номураттаби мухобирот, набуди сохторҳои мустақили танзимкунандаи соҳа ва сатҳи поини сармоягузорӣ ба ин соҳа зарур мебошад.
Михаил Бурунчук, мутахассиси калони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин нишаст гуфтааст, "ислоҳот дар бахши мухобирот ё соҳаи телекоммуникатсияи кишварҳои Осиёи Миёна имкониятҳои васеъро барои аҳоливу иқтисоди ин кишварҳо фароҳам мекунад".
Бино ба арзёбиҳои ӯ, ҳатто то 10 дарсад афзоиш додани мизони паҳншавии хатҳои васеъмиқёси интернетӣ барои рушди якдарсадии иқтисоди ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.