Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи FIFA эълон шуданд


Месси, Роналдо ва Неймар. Акс аз бойгонӣ.
Месси, Роналдо ва Неймар. Акс аз бойгонӣ.

Номзадҳо ба унвони беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) маълум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин созмон хабар медиҳад.

Барои ҷоиза Тяго Алкантара ("Бавария", "Ливерпул"), Криштиану Роналду ("Ювентус"), Кевин де Брейне ("Манчестер Сити"), Роберт Левандовски ("Бавария), Садио Мане ("Ливерпул"), Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен"), Лионел Месси ("Барселона"), Неймар ("Пари Сен-Жермен"), Серхио Рамос ("Реал"), Муҳаммад Салоҳ ва Вирҷил ван Дейк (ҳарду аз "Ливерпул") довталанд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо рӯзи 17-уми декабр дар шакли онлайн баргузор мешавад. Овоздиҳӣ аз 25-уми ноябр то 9-уми декабр идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, Лионел Мессии 33-солаи аргентинӣ, ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания, беҳтарин футболбози соли 2019 аз рӯи фарзияи FIFA эълон шуда буд. Месси барои дарёфти ин ҷоиза аз ҳамлагари "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналдуи португолӣ ва ҳимоятгари "Ливерпул"-и Англия Вирҷил ван Дейки ҳолландӣ пеш гузашт.

Лионел Месси шаш бор бозигари сол эътироф шудааст. Криштиану Роналду панҷ бор барандаи ҷоизаи FIFA гардидааст.

Дар озмуни порсола ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Эден Азар ("Челси"/"Реал"), Фрэнки де Йонг ("Аякс"/"Барселона"), Ҳарри Кейн ("Тоттенҳэм"), Маттейс де Лигт ("Аякс"/"Ювентус"), Садио Мане ва Муҳаммад Салоҳ (ҳарду аз "Ливерпул") ва Килиан Мбаппе ("ПСЖ") дохил шуданд.

FIFA беҳтарин футболбозони солро аз соли 1991 эълон мекунад. Аз соли 2010 то соли 2015 FIFA ҳамроҳ бо маҷаллаи “France Football” ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.

XS
SM
MD
LG