Ду мансабдори баландпояи ҳукумати ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо гумони даст доштан дар "хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзил" боздошт шудаанд.
Қарори боздошти Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, раиси Идораи замини ноҳия пас аз санҷиши Додситонии вилояти Хатлон содир шудааст.
Назари пайвандони боздоштшудаҳо маълум нест ва гуноҳи онҳо ҳанӯз исбот нашудааст.
Ду ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Ёвон рӯзи 23-юми ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани ин ду мақомдорро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, қабл аз ин, як ҳайат аз мақомоти додситонӣ дар вилояти Хатлон ба тафтиши қонунгузорӣ дар робита ба тақсиму ҳуҷатгузории замин ба ҳукумати Ёвон омада буданд.
"Дар маҷлиси охири ҳукумати ноҳия эълон карданд, ки Аскар Набизода бинобар талаботи ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия) аз вазифаи муовини раиси ноҳия сабукдӯш карда шуд. Хайриддин Саидмуродзода низ дар маҷлисҳо ҳузур надорад, чун гуфта мешавад, ӯ дар рухсатии меҳнатист", ‑‑ афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, Аскар Набизода ва Хайриддин Саидмурозода тақрибан ду ҳафта пеш боздошт шудаанд.
Дар Додситонии вилояти Хатлон аз ифшои ҷузъиёти боздошти ин ду мансабдор ба далели халал ворид нашудан ба тафтишот худдорӣ варзиданд.
Боздошти ин ду мансабдори ноҳияи Ёвон дар ҳолест, ки солҳои охир ҳодисаҳои ришватхорӣ ҳангоми тақсими замин ва хилофкориҳо дар ин замина афзоиш ёфтаанд.
Президенти Тоҷикистон ду сол қабл дар як суханронӣ аз афзоиши ҳолатҳои заминфурӯшии мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ин мушкил ба "як дарди бедаво" табдил шудааст. Ба назар мерасад, ин таъкид таъсир надошт, ки шумори парвандаҳои заминфурӯшӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш аст.
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, тамаъҷӯии мансабдорон зиёдтар аз ҳама ҳангоми тақсими замин барои бунёди хона ва замин барои кишоварзӣ рух медиҳад.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OCED) ҳам дар гузориши охирини худ дар робита ба муборизаи зидди коррупсия дар Тоҷикистон менависад, "хавфи аз ҳама зиёди ришватхорӣ дар ҷараёни тақсими порчаҳои замин вуҷуд дорад".
Кумитаи давлатии замин мегӯяд, дар давоми 28 соли истиқлол бо қарорҳои ҳукумат ҳудуди 130 ҳазор гектар заминро барои бунёди манзил ба як миллиону 400 ҳазор оила тақсим кардааст.