Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳияи Моймай дар рӯбарӯи Дарвози Тоҷикистон ба дасти Толибон афтод


Ин кӯпрук Дарвози Тоҷикистонро бо Дарвози Афғонистон мепайвандад.
Ин кӯпрук Дарвози Тоҷикистонро бо Дарвози Афғонистон мепайвандад.

Мақомот дар Бадахшони Афғонистон таъйид карданд, ки вулусволӣ ё ноҳияи Моймайи ин вилоят ба дасти гурӯҳи Толибон афтодааст. Ин ноҳия дар рӯбарӯи Дарвози Тоҷикистон воқеъ аст. Мақомоти маҳаллии Бадахшон қаблан аз эҳтимоли суқути ин минтақа ба дасти Толибон ҳушдор дода буданд.

Комбиз Қурбонӣ, раиси ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соатҳои панҷи субҳи рӯзи панҷшанбеи 19-уми ноябр гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия юриш бурда, пас аз чанд соат даргирӣ онро тасарруф карданд.

Раиси ноҳияи Моймай сабаби суқути ин минтақаро камбуди нерӯи амниятӣ ва набуди кӯмакҳо аз ҳукумати марказӣ гуфтааст. Комбиз Қурбонӣ пазируфтааст, ки дар ин ноҳия ба нерӯҳои давлатӣ талафоти сахте ворид шудааст.

Аз сӯи дигар Аҳмад Ҷовид Муҷаддадӣ, як узви Шӯрои вилоятии Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар суқути ноҳияи Моймай фармондеҳи пулис ва мудири амнияти ин ноҳия кушта шудаанд.

Гурӯҳи Толибон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи Толибон фаъолиятҳои ҷангии худро дар ноҳияҳои Нусай ва Кӯфоб густариш додааст ва даргириҳои пароканда миёни ҷангҷӯёни онҳо ва нерӯҳои давлатӣ идома дорад.

Тобистони гузашта вазъи нигаронкунанда дар чанде аз ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон, ба хусус Дарвози он, мақомоти қудратии Тоҷикистонро водор карда буд, ки нерӯҳои худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшанд.

Мақомоти ноҳияи Нусай -- ҳамҷавори Моймай қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки тибқи гузоришҳо дар миёни Толибон тоҷикон ва мухолифони дигар ҳам ҳастанд, "аммо то ҳол бо чашми худ надидаанд". Як пули марзӣ ин минтақаро бо Дарвози Тоҷикистон пайваст мекунад. Пулро чанд сол пеш бо сармояи Шабакаи Оқохон сохта буданд.

Моймай аз ноҳияҳои панҷгонаи Дарвози Афғонистон аст ва тобистони гузашта замоне дар сархати хабарҳои расонаҳои минатақа ва ҷаҳон қарор гирифт, ки гурӯҳи Толибон монеи ширкати даҳҳо духтари донишомӯз дар озмун ё имтиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо шудаанд. Дар пай духтароне, ки аз ширкат дар озмун маҳрум шудаанд, аз ҳукумати марказии Афғонистон хостаанд, ки заминаи иштирок дар ин имтиҳони сарнавиштсоз барои онҳоро фароҳам созад.

Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд. Дар гузашта миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои ифротӣ нуфуз надоштанд, вале ахиран доманаи нооромиҳо то ба он ҷо расидааст.

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо ноҳияҳои Куфоб, Шикай, Нусай, Моимай ва Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр сарҳад дорад.

XS
SM
MD
LG